​Консерти ҳисоботӣ дар факултети санъат

Дар толори факултети санъат консерти ҳисоботӣ доир гардид. Дар доираи ин иқдом устодону донишҷӯёни кафедраҳои факултет ҳисоботи эҷодӣ пешниҳод намуданд.

Дар консерти мазкур аз раёсати донишгоҳ муовини ректор оид ба таълим профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Мирзозода ва деканони факултетҳои донишгоҳ, устодон ва донишҷўёни коллеҷи санъат, мактабҳои мусиќӣ иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи факултет китобҳои соҳавӣ аз рўи ихтисоси китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ, намунаи асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ ба намоиш гузошта шуд.

Барномаи консерти ҳисоботӣ фарогири суруду оҳангҳои классикӣ ва халќӣ буда, бо суруди “Дарё” дар иҷрои хорсароёни ихтисоси санъати мусиќӣ ифтитоҳ ёфт.

Суруду оҳангҳои милливу аврупоӣ дар сози мусиќии фортепиано намоиш дода шуд, ки ҷолибу шуниданӣ буданд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби донишҷўёни ихтисоси санъати актёрӣ таҳти роҳбарии профессор Алиев Умар сахнаҳои ҳаҷвӣ намоиш дода шуд. Саҳнаҳо хусусияти тарбиявӣ дошта, мавзуъҳои доѓи ҷомеа дар либоси ҳаҷв мавриди танќид ќарор дода шудааст.

Сурудҳои дилнишин дар иҷрои устодони факултет Давлатов Бахтиёр, Саидкаримов Бахтиёр, Солиев Сардор, Самариддинзода Сироҷиддин анҷомбахши консерт гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ