​Конфронси илмӣ - амалӣ: Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо ташаббуси кафедраи кори бонкӣ конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташаккули иқтисоди миллат» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни ихтисоси кори бонкии факултети иқтисодӣ ширкат варзиданд.

Пеш аз ифтитоҳи конфронс меҳмонон аз намоишҳои расмию дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд. Дар кори конфронс сармутахассиси раёсати таълими донишгоҳ Зокиров Алиҷон, садорати факултет, устодон ва донишҷуёни факултети иқтисодӣ иштирок карданд.

Дар конфронсомӯзгорони кафедраи кори бонкӣ бо маърўзаҳои пурмўҳтаво суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муарифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият ва ваҳдати комил симои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ сохт ва таҳти сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла сайёҳӣ ва устувор гаштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ