Конфронси илмӣ-амалӣ дар шаҳри Тошканд
Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва мактабҳои миёнаи Осиёи Марказӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он се нафар омӯзгорон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ширкат варзиданд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси “Маркази ҳамватанони шаҳри Москва (Московский Дом соотечественника)” дар ҳамкорӣ бо Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе ва Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Хуҷандба роҳ монда шуд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар конфронси мазкур се нафар дотсентони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ намояндагӣ намуданд.
Дар кори конфронс маърузаҳои пурмӯҳтаво мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба мавзӯи баланд бардоштани дараҷаи маҳорату малакаи таълими забони русӣ барои донишҷӯёни гурӯҳҳои ғайризабонӣ бахшида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил