Конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзӣ

Дар толори маҷлисгоҳи факултети психологиява таҳсилоти томактабӣ конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзии донишҷӯёни соличорум ва панҷумишӯъбаирӯзонабаргузор гардид. Дар конфронс декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас ва устодони факултет иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи “Низомнома дар бораи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2017 №1/16” ва тибқи нақшаи таълимии донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси психология ва чоруми ихтисоси олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалии шӯъбаи рӯзона таҷрибаи омӯзгорӣ ба мӯҳлати 6 ҳафта дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Гуфта шуд, ки донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 – и шаҳри Хуҷанд, “Мактаб - интернати давлатии барои кудакони ятим вабепарастор” –и шаҳри Бустон ва МТТ “Кӯдакистони Президентӣ” - и вилояти Суғд донишҳои назарии худро дар амал татбиқ хоҳанд кард.

Декани факултет донишҷӯёнро бо тартибу низоми раванди таҷрибаомӯзӣ ошно намуда, оид ба талабот ва вазифаҳои давраи таҷрибаомӯзӣ маълумоти муфассал дод.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ масъулиятнокӣ зоҳир намуда, ҷиҳати сифатнок анҷом додани ин раванд талош намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ