Конференсияи устодони методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ

Бо иқдоми кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ конфронси илмии устодон бахшида ба солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Мувофиқи рӯзномаи конфронс устодон дар доираи 12 мавзӯъ аз қабили “Тарбияи таҳаммулпазирӣ дар дарси методикаи таълими технологияи информатсионӣ”, “Таъмини муносибати босалоҳият ҳангоми омӯзиши ҳалли масъалаҳои матнӣ”, “Ҳаракат дар фазо”, “Композисияи симметрия нисбат ба ҳамворӣ ва симметрияи тирӣ” маърӯза намуданд.

Бояд гуфт, ки маърузакунандагони аз васоити техникии таълим судманд истифода бурда, муаммо ва дурнамои методикаи таълими математика ва технологияи информатсионро ба риштаи баррасӣ кашида, дар ин замина табодули андеша намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ