​Конференсияи вилоятӣ: Мақоми ҷавонон дар рушди илм

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” конференсияи илмӣ-амалии вилоятии магистрантон доир гардид.

Ин ташаббус дар доираи эълон гардидани солњои 2020-2040 – “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф” роҳандозӣ гардид.

Маросими ифтитоҳи конференсия бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ конференсияи мазкурро ҷиҳати баррасии масоили марбут ба ҷойгоҳи ҷавонон дар таъмини пешрафти илм муҳим унвон намуда, аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар самти илму техника таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, баҳри таъмини шароити мусоид ва арзандаи фаъолият ва зиндагӣ тадбирҳои судманд ба роҳ монда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кори конференсия олимон, магистрантону докторантон ва олимони ҷавони мактабҳоии олии вилояти Суғд иштирок намуда, як қатор маърузаҳои илмии муҳаққиқони ҷавон шунида шуд.

Аз ҷумла, перомуни мавзуъҳои “Љанбањои экологии обшавии пиряхњо ва наќши Љумњурии Тољикистон дар њалли он”, “Роль свободных экономических зон “Согд” в стимулировании экспорта”, “Симои Садриддин Айнї дар асарњои Пешвои миллат Эмомалї Рахмон” аз ҷониби магистрантони донишгоҳҳои вилоят маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуд.

Конференсия аз рӯйи 12 бахш ба кори худ идома намуда, дар маҷмуъ 135 маърӯза ироа ва шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ