​Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ: “Муаммоҳои мубрами физикаи ҳолатҳои конденсӣ”

Бо иқдоми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами физикаи ҳолатҳои конденсӣ” доир гардид. Ин конференсия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, 80-солагии профессор Масаид Шерматов ва 85-солагии профессор Мирюнус Ҷамолов баргузор шуд.

Дар кори конференсия Зарифзода Афзалшоҳ –директори Институти физикаю техникаи ба номи СултонУмарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Норматов Ином– узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири кафедраи метеорологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллииТоҷикистон, Абдуллозода Сабур–профессор, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Каримов Фаршед-профессори Институти Сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Солеҳов Давлат–профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қосимов Комил–профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Махсудов Баротбой -профессор, мудири кафедраи физикаи ҳастаӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Холов Алимаҳмадномзади илмҳои химия, мудири лабораторияи физикаи кристалҳои Институти физикаю техника ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода конференсияро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки эълон гардидани солҳои 2020-2040“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷиҳати пешрафти ҳама гуна самтҳои ҳаётан муҳими хаҷагии халқ заминаи воқеӣ мегузорад.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ ҷиҳати сари вақт роҳандозӣ намудани чунин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат чорабиниҳои гуногунсатҳро роҳандозӣ намуда, дар ин замина тадбирҳои муҳимеро амалӣ менамояд.

Роҳбари донишгоҳ афзуд, ки факултети физикаю техника яке аз факултетҳои калонтарини донишгоҳ ба шумор меравад, ки айни ҳол дар он 41 номзади илм, дотсент ва 2 нафар доктори илм, профессор фаъолият мебаранд. Нашри монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар ин факултет хуб ба роҳ монда шуда, дар давоми 6 соли охир наздики 30 номгӯ асарҳои устодон ба нашр расидаанд. Олимони факултет дар асоси лоиҳаҳои илмии фармоиши корҳоро амалӣ намуда, то имрӯз дар асоси 2 лоиҳаи илмӣ тадқиқотҳои судманди устодон ба анҷом расиданд.

Дар идома аз ҷониби намояндагону масъулини донишгоҳҳо маърӯзаҳо шунида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия 130 мақола аз мурказҳои илмии шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ворид гардида, дар панҷ бахш ва ду зербахш дар факултети физикаю техника идома ёфт.

Интизор меравад, ки иаводи конференсияи илмӣ дар шакли китоби алоҳида ба нашр расонида шуда, ба алоқамандон дастрас мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ