Конференсияи таҷрибаомӯзӣ

Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузо гардид. Дар кори конференсия донишҷӯёни курси 5, ихтисосҳои математикаю физика ва математикаи амалӣ, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҷрибаоӯзии педагогӣ мебароянд, иштирок намуданд. Дар ҷараёни кори конфронс ҷонишини декани факултети математика Музаффархӯҷа Мирзохоҷаев, мудири кафедраи методика дотсент Саодат Раҷабова ва устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев баромад намуда, дар бораи моҳият ва аҳамияти таҷрибаи педагогӣ, раванди фаъолияти омӯзгори муосир ва сифати таҳсилот баромад намуда, ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ