​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар кафедраи кори бонкӣ

Дар кафедраи кори бонкии факултети иқтисодӣ конференсияи илмӣ-анъанавии донишҷӯён бахшида ба Рӯзи илми тоҷик доир гардид.

Ноиби декан оид ба оид ба таълим Гавҳар Қодирова конференсияро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик табрик гуфт.

Дар идома донишҷўён дар мавзуъҳои “Яке аз масъалаҳои қурби асъор ва нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар идоракунии он”, “Муттаҳидсозии бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчун омили рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ”, “Механизми қарзӣ, нақш ва вазифаҳои он дар шароити бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Таъсири сиёсати пулию қарзӣ ба субот ва рушди бахши бонкӣ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт”, “Сиёсати қарзии бонки тиҷоратӣ ҳамчун омили самаранокии идоракунии дороиҳо”, “Таърихи ҳисоббаробаркунии электронии байнибонкӣ дар Тоҷикистон”, “Амалиётҳои лизингӣ, дурнамои татбиқи онҳо дар таҷрибаи кори бонкҳо”, “Таҳлили фаъолияти бюроҳои қарзӣ, нақши онҳо дар рушди раванди қарзӣ”, “Амалиётҳои асъорӣ ва тамоюлҳои рушди онҳо дар марҳилаи муосир” маърӯза ироа намуданд.

Дар фарҷом мавзуъҳо аз ҷониби иштирокчиён муҳокима гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ