​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар факултети таҳсилоти ғоибона

Дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмии устодон, олимони ҷавон ва донишҷӯён бахшида ба 35-солагииИстиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, 90-солагии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конфронс дар толори факултет доир шуд, ки декани факултет, профессор А.Пӯлотов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс ва устодону донишҷӯёни факултет барору муваффақиятҳо таманно намуданд.

Дар конфронс даҳ маърӯза аз ҷониби устодон ва олимони ҷавони кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ва педагогию табиӣ-риёзӣ ироа гардид. Конференсияро муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Баҳриев Файзуллоҷон раҳнамоӣ кард ва бо мӯҳтавои маърӯзаҳо устодонро шинос намуд.

Сипас, устодон гузориш ва маърӯзаҳои хешро ба маърази аҳли нишаст вогузор намуданд. Аз ыумла, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳлиллоев Турдимурод дар мавзӯи “Муносибати салоҳиятнокӣ ба таҳқиқи фаъолияти омӯзгори мактаби олӣ” маърӯзаи пурмӯҳтаво истифода аз воситаҳои техникӣ намуданд. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, дотсент Фирӯза Қаюмова дар мавзӯи “Маърифат ва камолоти инсонӣ аз назари Авҳадии Мароғай” ва дотсент Неъматова Муқаддас дар мавзӯи “Асрори номҳои мавзеи Истаравшан” гузориши муфассал намуда, ба суолу дархостҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин устодони факултет, дар мавзуъҳои “Салоҳиятнокии экологии омӯзгорони оянда”, “Нақши адабиёти рус дар ташаккули ҷаҳоншиносӣ ва шеъри Пайрав Сулаймонӣ”, “Вижагиҳои сохторӣ ва мӯҳтавои тазкираи Сафинаи Хушгӯ, “Ташаккулёбии қобилиятҳои зеҳнии хонандагони хурди мактабӣ дар раванди таълим” гузориш ва масъалагузорӣ намуданд.

Дар бахши донишҷӯён зиёда аз 15 маърӯза шунида шуд. Донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон дар мавзуҳои “Тарҷумаҳои узбекии ғазалиёти Камол”, “Ашъори ниёгон ва нақши он дар таълиму тарбияи хонандагони хурдсол”, “Воситаҳои ташаккули ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ аз назари профессор Ф.Зикриёев” ва ғайра баромад намуданд.

Пас аз баромадҳо миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон суолу ҷавоб ҷараён гирифта, паҳлӯҳои мубрами мавзуъҳо мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ