​Конференсияи илмӣ-амалии “Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ” баргузор мешавад

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нимаи дуюми моҳи декабри соли соли 2021 таҳти унвони “Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳими фарҳанги миллӣ” конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ доир мешавад. Дар конференсия мавзӯҳои зерин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари фарҳанг ва суннатҳои миллӣ;
  • Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар солҳои Истиқлолият;
  • Фарҳанги шаҳрдорӣ ва шаҳрҳои бостонии тоҷикон – объекти таваҷҷӯҳи сайёҳон ва омили рушди сайёҳӣ:
  • Сайёҳӣ ва муколамаи фарҳангу тамаддуни мардумони сайёра;
  • Ёдгориҳои таърихӣ – меъморӣ: ҳифз,эҳё, таблиғ ва истифодаи онҳо чун осори ҳунар ва объекти сайёҳӣ;
  • Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳими фарҳанг ва муаррифгари чеҳраи миллӣ;
  • Шаҳр, деҳа,маҳалла, гузар – марказ ва посдори ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳоиҷомеаи суннатӣ;
  • Ҳунар ва топонимикаи маҳал;
  • Сафарномаҳо ва қайду ёддошти сайёҳон ва муҳаққиқон – сарчашмаи таърихӣ – ҷуғрофӣ, этнографӣ ва адабӣ.
  • Мақола бояд ҷанбаи нави илмӣ, назариявӣ, таҳлилӣ дошта бошад;
  • Овардани далелҳои маъмулӣ ва такрор манъ аст;
  • Мӯҳтавои мақола бояд дар дигар маҷаллаву нашрияҳои илмӣ чоп нашуда бошад;
  • Матни мақола дар ҳаҷми на беш аз 8-10 саҳифаи чопи компютерӣ (0,5 ҷузъи чопӣ), андозаи ҳарф 14, Times New Roman Tj, Times new Roman, фосилаи байни сатрҳо 1.5 ҳошия аз чап 30мм, аз рост 15мм ва аз болову поёни матн 25мм партофта, дар коғази сафеди стандартии А4 (210+297) омода гардад;
  • Ҳангоми чопи матни мақола аввал ному насаби муаллиф, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа ва ҷойи кор, сипас аз партофтани ду фосила номи маърӯза бо ҳарфҳои калон ва сиёҳ (курсив) оварда шавад:
  • Ишора ба иқтибос дар дохили матн оварда шуда, (масалан [1.10], [2,15],[3,20], номи адабиёти истифода ё пайнавишт як маротиба зикр гардад.
  • Номгӯи адабиёти истифодашуда ё пайнавишт мувофиқи тартиби алифбо оварда шавад;
  • Дар сурати риоя нагаштани талаботҳои дар боло зикр шуда, мақола ба барномаи конференсия ва маводи чопӣ ворид карда намешаванд;
  • Мӯҳлати қабули мақолаҳо то 5-уми декабри соли 2021. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ хоҳад расид.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Гуфта мешавад, ки маводи конференсия дар қолаби маҷмӯаи мақолаҳо интишор меёбад.

Талабот ба таҳияи мақола:

  • Мақола бояд ҷанбаи нави илмӣ, назариявӣ, таҳлилӣ дошта бошад;
  • Овардани далелҳои маъмулӣ ва такрор манъ аст;
  • Мӯҳтавои мақола бояд дар дигар маҷаллаву нашрияҳои илмӣ чоп нашуда бошад;
  • Матни мақола дар ҳаҷми на беш аз 8-10 саҳифаи чопи компютерӣ (0,5 ҷузъи чопӣ), андозаи ҳарф 14, Times New Roman Tj, Times new Roman, фосилаи байни сатрҳо 1.5 ҳошия аз чап 30мм, аз рост 15мм ва аз болову поёни матн 25мм партофта, дар коғази сафеди стандартии А4 (210+297) омода гардад;
  • Ҳангоми чопи матни мақола аввал ному насаби муаллиф, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа ва ҷойи кор, сипас аз партофтани ду фосила номи маърӯза бо ҳарфҳои калон ва сиёҳ (курсив) оварда шавад:
  • Ишора ба иқтибос дар дохили матн оварда шуда, (масалан [1.10], [2,15],[3,20], номи адабиёти истифода ё пайнавишт як маротиба зикр гардад.
  • Номгӯи адабиёти истифодашуда ё пайнавишт мувофиқи тартиби алифбо оварда шавад;
  • Дар сурати риоя нагаштани талаботҳои дар боло зикр шуда, мақола ба барномаи конференсия ва маводи чопӣ ворид карда намешаванд;
  • Мӯҳлати қабули мақолаҳо то 5-уми декабри соли 2021. Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ хоҳад расид.

Суроға: шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

Воситаи иртибот: 92: 820-05- 15, samandar.ruziev.95@mail.ru

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ