​Конференсияи илмӣ – амалии онлайнӣ: «Актуальные вопросы педагогики и психологии образования»

Бо иқдоми факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Институти педагогӣ–психологии «Донишгоҳи давлатии Алтай»-и Федератсияи Русия конференсияи илмӣ – амалии онлайнӣ доир гардид.

Конференсияи мазкур таҳти унвони «Актуальные вопросы педагогики и психологии образования» баргузор шуд.

Дар конференсияи мазкур доктори илмҳои психологӣ, дотсенти кафедраи псхологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева С.Б. дар мавзуи «Психолого-педагогические аспекты развития познавательных способностей личности» маърӯза намуд.

Ҳамзамон, дар доираи ин ташаббус беш аз 11 нафар олимону унвонҷӯёни факултет баромад намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ