​Конференсияи илмӣ-амалӣ: Истиқлоли миллӣ ва марҳилаи нави таҳаввулоти Тоҷикистон

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Истиқлоли миллӣ ва марҳилаи нави таҳаввулоти Тоҷикистон” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Конференсияи мазкур ба муносибати 33 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои муҳимтарини таърихӣ ва миллии мо бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид дуруст таъкид намуданд, ки: “Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеањои сарнавиштсозро дарбар мегирад. Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад”. Аз ин ҷиҳат, Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият чун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд” – афзуд Аюб Усмонзода.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо назардошти аҳамияти сарнавиштсози ин падидаи муҳими таърихӣ барои боло бурдани руҳияи ватандӯстии ҷавонон, омода кардани кадрҳои огоҳ ва соҳибтахассус ва муҳимтар аз ҳама иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ менамояд. Дар оғози соли хониши ҷорӣ баргузор намудани 15 конференсияи илмӣ-амалӣ, 10 озмуну олимпиада, 12 миззи мудаввар, 83 семинари илмӣ-таҳқиқотӣ, 102 маҳфилҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи факултетививу донишгоҳӣ баргузор карда мешаванд, ки идомаи чунин тадбирҳои муҳим ба шумор мераванд. Бояд қайд кард, ки бахшида ба ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 конференсияи байналмилалӣ, 7 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 45 конференсияи вилоятиву умумидонишгоҳӣ ташкил ва гузаронида шуда, айни ҳол ин раванд идома дорад.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода зимни суханронӣ аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, аз дастовардҳои замони истиқлол таъкид намуд.

Дар идома аз ҷониби Фармонова Дилрухсор, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзуи “Сиёсати хориҷии Пешвои миллат ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва Муҳаммадизода Меҳриддин Боқӣ, омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ оид ба “Ваҳдати миллӣ - таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ” маърӯзаҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ