Конференсияи илмӣ-амалӣ дар хобгоҳи №3

Дар доираи ҳафтаи илм бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар толори хобгоҳи 3 конференсияи илмӣ-амалӣбаргузор гардид.

Ойбек Холдоров, мудири кафедра конференсияро ифтитоҳ бахшида, аз ташаббусҳои устодони кафедра дар доираи ҳафтаи илм истиқбол намуд.

Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани чунин иқдом дар баррасии масъалаҳои муҳими равандҳои фаъолият нақши арзанда мегузорад.

Дар доираи кори конференсия аз ҷониби омӯзгорони кафедра як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Аз ҷумла, муаллимаи кафедра Қӯзиева таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдат ва рушди мунтаззами Тоҷикистони соҳибистиқлол”, Ҳоҷиева дар мавзӯи “Хавфу хатари радикализм, экстремизм ва терроризм ба суботу амнияти сайёра” ва Мансурова доир ба “Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд, ки пурмуҳтаво буданд.

Ҳамзамон, донишҷӯён низ дар кори конфронс фаъолона ширкат намуда, саволу ҷавоб ва табодули афкор доир намуданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ