​Конференсияи анъанавии илмӣ-амалӣ бахшида Рӯзи илми тоҷик дар факултети филологияи рус

Санаи 13-уми апрели соли 2023 дар факултети филологияи рус конференсияи илмӣ-анъанавӣ ҷиҳати баррасӣ намудани масъалаҳои муҳими илмӣ ва таълими соҳа бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва Рӯзи илми тоҷик оғоз гардид.

Дар ҷараёни рафти конференсия аз тарафи устодон, олимони ҷавон, магистратону донишҷӯёни факултет дар бахшҳои адабиёти рус ва хориҷа, забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ ва умумидонишгоҳии забони русӣбештар дар мавзуъҳои мавқеи терминологияи илмӣ дар забоншиносии умумӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ ва масъалаҳои нигаронкунандаи сохторҳои истифодаи калимаҳои рехта дар нутқ, муаммоҳои рушди адабиёт дар замони муосир, инчунин ҳалли масъалаҳои маҳорати суханварии донишҷӯёни ғайриихтисос шунида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни баргузории имлӣ-анъанавӣ аз тарафи устодон, олимони ҷавон, магистратону донишҷӯёни факултет 28 маъруза ироа гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки то санаи 19.04.2023 сол бахшҳо кори худро идома дода, дар ҷамъбасти конференсия ғолибони бахшҳо муайян мегарданд ва ба раёсати донишгоҳ ҷиҳати қадрдонӣ пешниҳод карда мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ