Конференсия: ​Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо

Таҳти чунин унвон дар толори факултети физикаю техника бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими физика бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” ва эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” конференсия илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет дотсент Абдумалик Қаюмзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ибрози назар намуд. Баъдан мудири кафедраи методикаи таълими физика номзади илмҳои техникӣ дотсент Пайрав Иброҳимов дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии соли 2025 соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони соҳаи маорифи мамлакат ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим шароити мусоидеро фароҳам овард.

Дар идомадотсент Турдӣ Турдиев дар мавзуи “Табиати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои локаликунонии коҳишёбии онҳо” баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ҷиҳати татбиқи ғояҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат амали муҳим арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ