​Конференсия: Муаммоҳои муосири математикаи татбиқӣ ва нақши он дар тавсеаи тафаккури техникии ҷомеа

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсияи илмӣ-амалӣ ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои муосири математикаи татбиқӣ ва нақши он дар тавсеаи тафаккури техникии ҷомеа» бо ишироки олимону муҳаққиқони соҳа баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода меҳмононро хайрамақдам намуда, ба кориконференсия ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд намуд, ки конференсия мазкур ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат ва амалишави он мусоидат хоҳад кард. Сипас, академики Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳоифизика-математика, профессорШабозов Мирганд Шабозович дар мавзӯи “Муаммоҳои муосириматематикӣ ва назарияи наздиккунии функсияҳо”, академики Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳоифизика-математика, профессор Раҷабов Нусрат Раҷабович дар мавзӯи “Граничные задачи для одного класса переопределенных систем интегральных уравнений Вольтерра с двумя сингулярными линиями”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сатторов Абдурасул Эшбекович дар мавзӯи “Таърихиилми математикава муаммоҳоимуосири он дар таҳсилотимакотиби олӣ”, доктори илмҳоифизика-математика, профессор Тухлиев Қамариддин дар мавзӯи “О наилучшем приближении некоторых классов функций суммами Фурье-Чебышёва” маърӯза ироа намуданд.

Конференсия кори худро дар чор бахш вобаста ба масоили муаммоҳои муосири математикаи татбиқӣ, таҳлили математикии ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ, интегралӣ ва муодилаҳои физикаи математикӣ, таълими мошинӣ ва таҳлили додаҳо, методикаи таълими математика ва информатика идома бахшид.

Дар бахшҳо зиёда аз 100 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба масъалаҳои муаммоҳои муосири математикаи татбиқӣ мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар сухани ҷамъбастии худ баргузории ҳамоиши бонуфузи ҷумҳуриявиро дар донишгоҳ пурсамар арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки рӯй овардан ба дастовардҳо ва муаммоҳо дар ин самт ҷойдошта шароити мусоидеро барои табодули афкору таҷриба фароҳам меорад.

Маводи конференсия шомили зиёда аз 110 мақолаи илмӣ ба нашр расид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ