КОНФЕРЕНСИЯ: «МУАММОҲОИ МУОСИР ВА ТАМОЮЛИ ТАРАҚҚИЁТИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ МАТЕМАТИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА МИЁНАИ УМУМӢ»
Таҳти чунин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бахшида шуд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ятимзода Содиқ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки рушди илмҳои дақиқ, аз ҷумла математика ва технологияҳои иттилоотӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти ин соҳаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар кори конференсия олимон ва мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кишвар иштирок намуда, беш аз 100 мақолаву маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар раёсати конференсия олимони шинохта — докторони илмҳои физика-математика, профессор Саттор Байзоев, профессор Акбар Нозимов, профессор Қамариддин Тухлиев ва дотсент Маҳмудзода Исмоилҷон иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмии худ ба кори ҳамоиш ҳусни тоза бахшиданд.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои мубрами рушди методикаи таълими математика, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим ва роҳҳои баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бахшҳои конференсия кори худро дар факултети математика идома дода, иштирокчиён баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро омили муҳимми рушди илмҳои дақиқ, тақвияти таҳқиқоти илмӣ ва такмили усулҳои муосири таълим арзёбӣ намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил