​Конференсия: Масъалаҳои мубрами забоншиносии муосир

Дар толори хурди раёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 65-солагии факултети забонҳои хориҷӣ, “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” ва “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забоншиносии муосир ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ” ба тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ профессор, Усмонзода Аюб Ислом суханронӣ намуда, қайд дошт, ки масъалаи илм ва инноватсия, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамчун мавзуи муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Роҳбари донишгоҳ таъкид варзид, ки дар партави иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм ва инноватсия аз рӯи Барномаҳои давлатӣ – Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, афзоиш додани таълифи китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ ва чопи мақолаҳои илмӣ, ташкили кор оид ба иҷрои Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва гузаронидани конференсияҳо ва ба табъ расонидани маҷмӯи мақолаҳои илмии устодон, докторантон ва магистрантон, ташкил ва гузаронидани озмуну олимпиадаҳои фаннӣ барои дарёфти донишҷӯёни болаёқат ва навовар аз зумраи ибтикороти шоиста маҳсуб меёбанд.

Сипас, профессор Меҳриниссо Абдуллоева – декани факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор, дар мавзуи “Роҷеъ ба баъзе мушкилоти таълими забони хориҷӣ ва роҳҳои ҳалли он”, Мамадназаров Абдусалом - профессори кафедраи забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Чанд сухан дар бораи аввалин луғати русӣ ва тоҷикии Шоҳайдар Ҳотамтоев (1899)”, Ҷамшедов Парвона - профессори кафедраи забоншиносии амалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар мавзуи “Становление аналитического пассива в английском языке”, Мухторов Зайнидин - профессор, ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Применение методов критического мышления в преподовании языкам”, Умаров Абдураҳмон - дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Роль цифровой трансформации и интеграции ИКТ в процессе высшего профессионального образования” маърӯза намуданд.

Дар баромадҳо муҳимтарин масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва роҳу усулҳои омуосири забономӯзӣ мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки мақсади ташкил ва баргузории конференсияи мазкур густариши дастовардҳои навтарини илмӣ, муаррифисозиинатиҷаҳои нави илмӣ, мубодилаи таҷрибаи илмӣ- амалӣ ва ҳавасманд намудани олимони ҷавон ба рушди илм, муҳокимаимасъалаҳои мубрами забоншиносии муосир ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, инчуниндарҷи натиҷаҳои фаъолиятиилмии Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ