​Конференсия: Истиқлолият ва инкишофи забони тоҷикӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ конференсияи донишгоҳии илмӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва инкишофи забони тоҷикӣ» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Конференсияро декани факултетифилологияи тоҷик дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳастии ҳар як халқу миллат пеш аз ҳама ба забони ӯ марбут аст. Забон шиносномаи миллат ва сарвати беназири ҳар як халқу давлат аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд.

Баъдан профессор Толиб Ваҳҳобов дар мавзуи “Мулоҳизаҳо дар атрофи масъалаи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ” ибрози назар намуд. Дотсент Ҳалимҷон Зоиров перомуни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, зикр намуд, ки 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва шурўъ аз ҳамон замон бо донишу хиради беназир ва матонату ҷасорати бемисл ҷиҳати аз вартаи ҳалокат берун намудани кишвар, сарҷамъ сохтани мардуми парешонгашта, ба ватан бозхондани ҳазорон мардуми рў ба ғурбат оварда, оштӣ додани қувваҳои ба ҳам зид, таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ саъю талош намуданд.

Сипас, дотсент Абдуманнон Одинаев доир ба “Масъалаи ҳувияти миллӣ дар китоби «Забони миллат - ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон” гузориш намуда, зикр кард, ки дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ осори зиёди илмӣ дар соҳаҳои гуногун навишта шуд, ки, бешак, яке аз беҳтарини онҳо рисолаи мондагори «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки доир ба забон ва таърихи пурифтихору фоҷеабори он дар асоси сарчашмаҳои тирози аввал таълиф гардидааст. Номбурда дар идома афзуд, ки аз мутолеаи асар ва баррасиву таҳлилҳои муаллиф маълум мегардад, ки забон дар ҳақиқат рукни ҳастии миллат, шиносномаи он ва ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.

Дар фарҷоми конференсия доктори илмҳои филологӣ, Мўсо Олимҷонов баҳама гузоришгарон арзи сипос намуда, қайд кард, ки дар ҳақиқат забон ҳастии миллат аст. Инҳарфҳои заррини Пешвои миллат маъниву мазмуни амиқ дорад.

Бо музокираҳои аҳли нишаст конференсия ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ