Конференсия: Баррасии масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ
Дар кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик ба муносибати Рӯзи илми тоҷик конфренсияи илмӣ-анъанавии устодон, докторантон ва магистрантон баргузор гардид, ки дар он Муҳаббат Тиллохуҷаева – декани факултет, Сорбон Азизов – муовини декан оид илм иштирок доштанд.
Мудири кафедра Мӯсо Олимҷонов ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо барномаи кории конфренсия шинос намуд.
Сипас, аз ҷониби устодон, докторантон ва магистрантони кафедра перомуни масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ, аз ҷумла таърихи забон, лаҳҷашиноси таърихӣ, фразеология, калимасозӣ, луғатнигорӣ ва истилоҳот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар интиҳои конфронс мавзуъҳои баррасигардида муҳокима гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар конфронси имрӯза 14 маърӯзаи пурмуҳтаови аз ҷониби устодон, докторантон ва магистрантон ироа гардид.
Ҳамчунин, чунин иқдом дар кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Мӯҳсинови факултети математика роҳандозӣ градид.
Нахуст роҳбари бахш дотсент Т.Эргашбоев ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик табрик гуфт.
Дар идома 1 нафар доктарант ва 11 нафар магистрант аз рӯи мавзуъҳои гуногун баромад намуданд. Дар ҷараёни конференсия бо маърӯзачиён саволу ҷавоб сурат гирифт, ки иштироккунандагон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил