​Китоби “Гулчини адабиёти ӯзбек дар Тоҷикистон” рӯнамоӣ шуд

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бо донишгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Марказҳои бонуфузи илмии ин кишвар равобити судмандро ба роҳ мондааст. Танҳо давоми ду соли охир 10 шартномаи муштарак ба тавсиб расида, дар ин замина, 6 конференсияи байналмилалӣ, 3 минтақавӣ ва 2 онлайнӣ гузаронида шуданд. Инчунин 6 маҷмӯаи панду андарзӣ аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидаанд, ки робитаи адабии донишгоҳро бо адабиёти ғановатманди ӯзбек мастаҳкам менамояд. Дар идомаи ин иқдомот дар назди донишгоҳ факултети филологияи ӯзбек таъсис дода шудааст, ки ҳоло донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои замони муосир таҳсили илм менамоянд.

“Таҳкими робитаи илмиву адабӣ аз фаъолияти мутахассисон, олимону донишмандони соҳа вобастагии калон дорад. Роҳандозии чунин чорабиниҳо ва нашри асарҳои арзишманди адибону суханварон дар ҳар ду кишвар шароити мусоидро барои ин ҳадафи созанда ба вуҷуд меоварад”- афзуд профессор Ҷӯразода.

Дар идома аз ҷониби меҳмонон перомуни равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти фарҳанг, маориф ва илм маърӯзаҳо ироа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ