​Касби ман – омӯзгор

Таҳти ин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус соати тарбиявӣ баргузор гардид. Соати тарбиявӣ бо забони русӣ ҷараён гирифта, бо истифода аз воситаҳои техникии таълим (тахтаи электронӣ) видеоролик ба намоиш гузошта шуд.

Донишҷӯён оид ба касби омӯзгор шеърҳо қироат карда, аз андешаҳои бузургон дар бораи мақому манзалати омўзгор зикр доштанд. Гуфта шуд, ки мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, бузургон омӯзгорро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди нерӯи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша ба бузургияш арҷ мегузоранд. Таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастгириҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Таҷлили бошукуҳи Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро ҷиҳати ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ