​Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд!

Дар толори маҷлисгоҳи факултети филологияи тоҷик бахшида ба 79-умин солгарди ҷашни Ғалаба таҳти унвони “Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд” чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳҳои 301-302 доир гардид.

Дотсент Субҳон Аъзамов роҷеъ ба мавзуи ҷанг дар таърих ва адабиёт ва қаҳрамониҳову диловариҳои халқ бар зидди душманону истилогарон сухан ронд.

Дар идома донишҷӯён дар бораи воқеаҳои пурфоҷиаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърӯзаҳо ироа карда, шеъру гуфтор қироат намуданд.

Саҳнаҳои тарбиявӣ ифодагари қаҳрамонӣ вашуҷоату ҷасорати мардони тоҷик буд.

Дар фарҷом мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик дотсент Мавлонова Мутриба дар мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қаҳрамонон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид намуда, зикр дошт, ки қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд ва ёди шаҳидони ҷанг гиромӣ мондагор аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ