​Кафили сулҳу суботи сиёсии мамлакат

Дар толори китобхонаи хобгоҳи рақами 9-и донишгоҳ таҳти унвони "Президент ва Иҷлосияи XVI - кафили сулҳу суботи кишвар чорабинии сиёсӣ - тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ сурат гирифт. Дар чорабинӣ устодон ва донишҷӯён иштирок кардаанд.

Чорабинии мазкурро Негматов Нӯъмонҷон сармуаллим, номзади илмҳои филологӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Дар мавзӯи мавриди назар ассистенти кафедраи забони англисӣ Нишонбой Мадумаров сухаронӣ кард.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ маърӯза, суруд ва шеър қироат карданд, инчунин, навору саҳнаҳои таърихӣ тариқи нурполо (проектор) пешкаши ҳозирин карда шуд.

Дар охири чорабинӣ гурӯҳи ҳавҷинигори "Таҷ-смайл" бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ таъби ҳозиринро болида гардониданд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор кардани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва сулҳу салоҳи кишвар мебошад.


Равшан Муқумов,

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ