​Қадршиносии устодони донишгоҳ бо диплом ва сипоснома

Як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сипоснома, шаҳодатнома ва диплом сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом Сипосномаи маъмурияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 шаҳри Хуҷанд ба номи Аловиддин Бобоев ҷиҳати ҳамкории судманд дар кори таълиму тарбияи насли ҷавон, касбият ва масъулиятшиносии баланд дар раванди таҷрибаомӯзии омӯзгории факултети геоэкология ва туризм ба Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом супорида шуд.

Декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Усмонов Давронҷон ва дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ таҳлил ва аудити факултети иқтисодӣ Абдураҳимов Абдуғаффор бо шаҳодатномаи дотсентӣ сарфароз шуданд.

Ба дотсенти кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқии факултети санъат Худойбердиев Султоналӣ бо Дипломи унвони “Академики фахрии Академияи илмии Турон”, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи таърихии халқҳои Осиёи Миёна ба номи Махфирати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас гардидааст, тақдим шуд.

Ҳамзамон, ба мудири кафедраи педагогӣ ва табиӣ-риёзии факултети муҳандисӣ - омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов Бобоев Элмурод бо дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика, сармуаллими кафедраи кори бонкии факултети иқтисодӣ Азизбоев Равшан бо дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, сармуаллими кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳои факултети биология ва химия Мирсабуров Шавкатҷон бо дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ, сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Ҳотамова Муҳайё бо дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа ва сармуаллими кафедраи анализи математикии факултети математика Ҷумаев Бӯстонбек бо дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика супорида шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода устодони донишгоҳро ба муносибати сазовор гардидан ба дастовардҳои тоза табрик гуфта, барои ҷомеаи меҳнатӣ дар идомаи фаъолияти илмиву педагогӣ барору тавфиқи мунтазам орзу намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ