​Қадршиносии устодон бо диплом, ифтихорнома ва шаҳодатнома

Як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи ҷаласаи ҷамъбасти солонаидонишгоҳ бо Дипломҳои номзади илм, Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳодатномаҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, ба аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом дипломи номзади илмҳои филологӣ, ки аз Муассисаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст, ба сармуаллимаи кафедраи журналистика Зарипова Шаҳноза, дипломи номзади илмҳои таърих, ки аз Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия дастрас гардидааст, ба муаллимаи кафедраи таърихи халқи тоҷик Пӯлотова Адолатҷон ва сармуаллими кафедраи таърихи умумӣ Назаров Фахриддин супорида шуд.

Бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон декани факултети иқтисодӣ Нуриддинова Манзура, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ Мухторзода Киромиддин, мудири кафедраи педагогика ва психологияи таҳсилоти томактабӣ Луфов Мансурбой, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ Мансурова Азиза, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Юсупова Фирӯза сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, декани факултети физика ва техника Қаюмзода Абдумалик профессори кафедраи таърихи умумӣ Мамадалиев Иномҷон, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими онРаҳимов Умар, дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабӣ, котиби Шурои олимони донишгоҳ Ҳасанова Машҳурахон, муаллимаи калони кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг Бекматова Саодат, муаллимаи калони кафедраи умумидонишгоҳии забони хориҷӣ -Назарова Муаззам бо нишон ва шаҳодатномаи Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода устодонро ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои арзанда табрик гуфта, ба онҳо дар идомаи фаъолият барору пирӯзӣ таманно намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ