​Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар толори факултети филологияи тоҷик бо иштироки ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода маҳфили қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни суханронӣ қайд намуд, ки боиси ифтихори донишгоҳ аст, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нуҳ нафар донишҷӯёну докторантони PhD-и факултети филологияи тоҷик ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд. Дар ин миён заҳмати устодони факултет хеле калон аст, ки раёсати донишгоҳ миннатдории бепоён ба устодони факултет, махсусан роҳбарони донишҷӯён мерасонад. Боиси қайд аст, ки озмуни мазкур самараи истиқлолияти давлатӣ буда, баёнгари таваҷҷӯҳу муҳаббати миллати сарбаланди тоҷик ба китобхонӣ мебошад. Тавре маълум аст, тайи се соли инҷониб озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида истодааст.

Боиси қайд аст, ки ҷиҳати қадршиносии ғолибони озмун ва роҳбарони онҳо фармоиши ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ба тасвиб расидааст.

Декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева аз номи садорати факултет ва устодон аз таваҷҷӯҳи ректори донишгоҳ ба ғолибони озмун ва қадршиносии арзанда изҳори сипос намуд.

Баъдан ифтихорномаҳои садорати факултет ба ғолибон ва роҳбарони онҳо тақдим карда шуд. Дар охир ғолибони озмун ба сухан баромада, аз таваҷҷӯҳи ректори донишгоҳ ва садорати факултет изҳори хушнудӣ карда, таассуроти худро аз рафти баргузории озмун баён намуда, донишҷӯёнро тарғиб ба китобхонӣ ва иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ