​Қадршиносии ҷавонони фаъол дар доираи Шӯрои кор бо ҷавонон

Мирзосодиқ Сангинов, докторанти факултети геоэкология ва туризми донишгоҳ бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд сарфароз гардид.

Имрӯз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилоят доир гардид, ки дар кори он роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро ҷиҳати саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба як қатор ҷавонони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар доираи ин ташаббус, аз ҷумла Мирзосодиқ Сангинов, докторанти факултети геоэкология ва туризми донишгоҳ низ баҳри иштироки фаъолона дар чорбиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ қадр гардид.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мирзосодиқ Сангиновро ҷиҳати сазовор гардидан ба сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси вилоят самимона табрик гуфта, дар фаъолият барору пирӯзӣ ва дастовардҳои арзанда таманно дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ