​Қадршиносӣ ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба

Як қатор устодони факултети санъат ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба бо унвон ва туҳфаҳо қадр шуданд. Дар доираи чорабинии тантанавӣ, ки дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ сурат гирифт, декани факултет дотсент Шарифӣ Гулчеҳра бо нишони "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорату актёрӣ Алиев Умар бо тӯҳфаи иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ Солиҷонов барои беҳтарин мақола бо диплом ва тӯҳфа, сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Солиев бо ифтихорномаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва тӯҳфа қадршиносӣ гардиданд.

Ба ин муносибат аз номи ҷомеаи меҳнатӣ устодонро табрик гуфта, дастовардҳои бештар таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ