​Иттилоот ва технологияҳои робитавӣ: ироаи 15 маъруза дар конференсияи илмӣ

Конфренсияи илмӣ-анъанавии устодон ва донишҷӯёни кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ бо ироаи беш аз 15 маърӯза сурат гирифт.

Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи илми тоҷик доир гардида, дар доираи он як қатор масъалаҳои мубрами соҳаи журналистика мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши устодон ва олимони ҷавон 6 маъруза шунида шуд. Аз ҷумла, “Заминаҳоисиёсивуиҷтимоӣвакасбииташаккулимеъёрҳоиэтикаикасбӣ”, “Маҷаллаи“Шӯълаиинқилоб” -нахустиннашриётиШӯроитоҷик”, “Риояи масоили гендерӣ дар ВАО”, “Инъикоси масъалаи адабиёт дар рӯзномаи“ҲақиқатиСуғд” дар солҳои 90-ум”, “Раванди рушди рӯзноманигориирақамӣдармуҳитииттилоотииҳавзаиСуғд”, “Истифодаи консепсияи тафаккури интиқодӣ дар таълимижанрҳоижурналистӣ” аз мавзуъҳое буданд, ки аз ҷониби устодони кафедра матраҳ ёфтанд.

Перомуни масъалаҳои марбут ба ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик, истифодаи жанрҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ, этикаи касбӣ ва масъалаҳои риояи он, махсусиятҳои инъикоси ҳаёти кӯдакон дар ВАО донишҷӯёни бахши иттилоот ва технологияҳои робитавӣ зери роҳбарии омӯзгорони кафедра маърузаҳои пурмуҳтаво омода ва ироа намуданд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиёни конференсия ва пешниҳоду маслиҳатҳои муфид ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмӣ конференсияи илмӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ