Иштироки устодону донишҷӯён дар фестивал - озмуни ҷумҳуриявӣ

Як гуруҳ устодону донишҷӯдухтарони факултети санъати тасвирӣ ва технология дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни “Сад ранги чакан”, ки дар Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев” баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳадаф аз фестивал-озмуни мазкур тарбияи ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллӣ ва мардумӣ ва ба ин васила муаррифии волотарин санъати халқи тоҷик унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки омӯзгорон ва гулдухтарони факултети санъати тасвирӣ ва технология аз рӯи номинатсияҳои либосҳои қадима, рӯзмарра, идона ва расмӣ маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд. Дар фарҷом иштирокчиён ва тарроҳон бо диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ