Иштироки устодони Донишгоҳ дар коференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Санаи 25-уми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии "Иқтисод ва маориф" коференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ” баргузор гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои илм профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуд. Сипас ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода баромад намуда, таъкид дошт: “Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ба пешрафти соҳаи илму маориф аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, аз ҷумла таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд ва пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Аз ин рӯ татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар муассисаҳои таҳсиолти олӣ хеле аз масъалаҳои мубраму саривақтӣ ба шумор меравад".

Дар идома устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои химия Сирҷиддин Ҳакимхӯҷаев дар мавзуи “Хусусиятҳои татбиқи усулҳои фаъоли таълим ҳангоми тадриси фанҳои дақиқ” маъруза намуд. Мавсуф зимни суханронӣ зикр дошт, ки усулҳои фаъоли таълим ҳангоми тадриси фанҳои дақиқ ин ба ташаккули фаъоли қобилиятҳои умумифарҳангиву фаъолнокӣ ва малакаҳои умумитаълимӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи принсипи мазкур ба хонанда тарзу усули дарёфтан, коркард ва истифодаи маълумот омӯзонда мешавад.

Ҳамзамон, дар конференсияии мазкур озӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ Бобоҷонова Саломат ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мирсаминова Гузалхон иштирок доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ