​Иштироки устодони Донишгоҳ дар ҳамоиши байналмилалӣ

Дар таърихи 9 феврали соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Алишери Навоӣ ва ренесенси Шарқ” баргузор гардид, ки дар кори он олимони навоишинос дар кишварҳои Тоҷикистону Эрон, Афғонистон, Туркияву Белгия ва Ҳинду Ӯзбекистон ширкат доштанд. Дар кори ҳамоиш се нафар устодони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод, сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ, Ромиз Абдуллоев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Файзуллоев, инчунин номзади илми фалсафа, дотсенти факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаитов ширкат, суханронӣ ва кишвари моро намояндагӣ намуданд. Дар заминаи баргузории ҳамоиш нашри маҷмуаи суханрониҳои илмии он низ таҳти унвони “Алишепи Навоӣ ва ренессанси Шарқ” дар се ҷилд ба нақша гирифта шуда буд, ки ду муҷаллади он рӯи чоп омадааст. Ба феҳристи ҳайати таҳририяи маводи конфронси мазкур дар баробари намояндагони кишварҳои дигари олам доктори илмҳои филологӣ, профессори донишгоҳ Нуралӣ Нурзод шомил шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки ин савуми ҳамоиши байналмилалист, ки давоми се соли охир бо эҳтимоми Фонди байналмилалии Амир Алишери Навоӣ, ки раёсати онро Олимҷон Давлатов бар уҳда дорад, баргузор гардида, маводи суханрониҳои илмии он ба чоп мерасад.



Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ