​Иштироки устодон дар конференсияи байналмилалии маҷозии илмӣ-амалӣ

Нимаи дуюми моҳи ноябр дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай бо иштироки зиёда аз 40 мутаххассисону донишмандон устодони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардуми Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии маҷозии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Арзишҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар роҳи бузурги абрешим: забон, маориф ва фарҳанг” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур якчанд олимону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақолаи пурмазмуни худ иштирок ва маърӯза намуданд.

Аз ҷумла, мушовири ректор дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дотсент Гузал Мирсаминова бо маърӯзаҳои худ таҳти унвони “Усулҳои мониторинги сифати таълим дар низоми кредитии таҳсилот” ва “Ҳамкории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон” баромад намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамкориҳои донишгоҳ барои густариши робитаҳои байналмилалӣ дар ҳамаи самтҳои мавҷуда афзун ёфтааст. Имрӯзҳо табодули донишҷӯён, магистрантҳо, муҳаққиқон байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳукми анъана даромада, теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик дар Ӯзбекисто ва донишҷӯёни ӯзбек дар муассисаҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Феълан ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо бист донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла Донишгоҳҳои давлатии Тошканд, Андиҷон, Самарқанд, Фарғона, Бухоро, Гулистон ва дигар шаҳрҳо шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамкории самарабахши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду ҷумҳурии дӯст мусоидат намуда, ба манфиати халқҳои тоҷику ӯзбек хизмат мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ