​Иштироки донишҷӯдухтарон дар озмуни “Аллаи Модар”

Дар озмуни “Аллаи Модар”, ки бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат намуданд.

Аз ҷумла, донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик Лакимова Бирозия, донишҷӯи курси дуюми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Ёрова Фариштамоҳ ва донишҷӯи курси дуюми факултети биология ва химия Рӯзиева Ганҷина дар ин озмун маҳорати сурудхонӣ ва қироати шеърро нишон доданд.

Фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ