Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хешро баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, вусъат додани имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ироа гашт, изҳор доштанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2017 7,3 % афзоиш ёфта, таваррум дар сатҳи 5,4 % нигоҳ дошта шуд. Танҳо дар соли сипаришуда зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд ва дар се соли охир теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 25 % коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ 11 % зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли сипарӣ 9 % афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 % паст гардид.

Ин рақамҳо далели он аст, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода мешавад.

Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин, нафақа ва стипендия то 15 % баланд бардошта шуд. Барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 млрд. сомонӣ равона мегардад. Дар асоси барномаҳои қабулгардида, барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта мешаванд.

Қобили қайд аст, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 млрд. сомонӣ соли 2010 дар соли 2019 ба 24 млрд. сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 маротиба ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 %-ро ташкил медиҳад.

Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш - 17,3 %, илму маориф – 14 %, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 9,5 %, тандурустӣ - 7,2 % зиёд маблағ равона карда мешавад. Дар назар аст, ки тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 %, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 % ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 % нигоҳ дошта, даромади пулии аҳолӣ зиёда аз 10 % афзоиш меёбад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 млрд. сомонӣ татбиқ мегардад. Татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 млрд. сомонӣ оғоз гардидаанд. Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 млрд. сомонӣ равона карда шудааст. Дар натиҷа, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се маротиба зиёд гардида, аз 7,4 млрд. сомонӣ дар соли 2000 ба 21,3 млрд. сомонӣ дар соли 2018 расонида шуд. Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Бо мақсади афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи энергетика, таҳкими низоми энергетикӣ, баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии таъминоти соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо барқ, дастрасии доимии сокинони кишвар ба нерӯи барқ ва кам намудани талафоти техникии он, дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи умумии 23 млрд. сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 9 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 6 млрд. сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли барқи “Роғун-Душанбе” ба маблағи 745 млн. сомонӣ ва зеристгоҳи барқии неругоҳ бо харҷи 630 млн. сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд. То имрӯз иншооти неругоҳро аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ҳаҷми умумии 24 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ шуд

Дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 млрд. сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 млрд. сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардид, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.

Бо дарназардошти натиҷаҳои пешакии рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар солҳои 2019-2021 аз рӯи пешниҳодҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар рақамҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

Ҷадвали 1.

Нишондиҳандаҳо

2018

2019

2020

2021

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, (млн. сомонӣ)

69548,9

78212,5

88264,7

99461,9

Афзоиши ММД-и реалӣ (бо %)

7,3

7,6

7,6

8,0

Таваррум (бо %)

5,7

6,3

6,5

6,8

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соли 2019 дар ҳаҷми 78212,5 млн. сомонӣ ва бо суръати афзоиши 7,6 %-и солона баҳодиҳӣ шудааст. Дар соли 2020 дар ҳаҷми 88264,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 дар ҳаҷми 99461,9 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки афзоиши миёнаи ҳарсолаи номиналии он 14,6 %-ро ташкил медиҳад. Дар солҳои 2019 - 2021 бо дарназардошти тағйирёбии индекси нархҳои истеъмолӣ меъёри таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ мутаносибан ба 6,3 %, 6,5 % ва 6,8 % пешбинӣ карда шудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба маблағи 4441,1 млн. доллари ИМА, соли 2020 - 4731,1 млн. доллари ИМА ва соли 2021 - 4899,4 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, ки афзоиши миёнаи солонаи он зиёда аз 5,6 %-ро ташкил медиҳад. Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот ҳамасола рӯ ба афзоиш дошта, дар соли 2019 ба маблағи 1538,8 млн. доллари ИМА, соли 2020 - 1787,8 млн. доллари ИМА ва соли 2021 - 1945,3 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми воридот бо афзоиши миёнаи солонаи 1,3 % дар соли 2019 ба маблағи 2902,3 млн. доллари ИМА, соли 2020 - 2943,3 млн. доллари ИМА ва соли 2021 - 2954,1 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Дар давраи миёнамӯҳлат тарози савдо манфӣ буда, дар соли 2019 – 1363,5 млн. доллари ИМА, дар соли 2020 – 1155,5 млн. доллари ИМА ва дар соли 2021 – 1008,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ҳамасола воридот нисбат ба содирот тақрибан 1,6 маротиба зиёд мебошад [2].

Нишондиҳандаҳои даромади буҷети давлатӣ вобаста ба дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти ҷалби сармоягузорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар соли 2019 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 23394,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин дар қиёс ба соли 2018 ба андозаи 14,4 % ё ба маблағи 2391,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши буҷети давлатӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ бо дарназардошти грантҳо барои дастгирии буҷет ба маблағи 1527,3 млн. сомонӣ ё 9,4 %, маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ 65,1 млн. сомонӣ ё 4,2 % ва аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 798,7 млн. сомонӣ ба вуҷуд омадааст.

Ҷадвали 2.

Нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ

2019

2020

2021

Млн. сом.

Бо фоиз

нисбати ММД

Млн. сом.

Бо фоиз

нисбати ММД

Млн. сом.

Бо фоиз

нисбати ММД

Даромади ҷорӣ

17700,0

22,6

19400,0

22

21310,0

22,4

Даромадҳои андозӣ ва пардохтҳои ғайриандозӣ

12355,0

15,8

19361,2

22

21231,0

21,4

Грантҳо барои дастгирии буҷет

4073,2

5,2

5154,8

5,9

4831,7

4,9

Хизматрасониҳои

ташкилоти буҷетӣ

1621,0

2,1

1699,5

1,9

1779,6

1,8

Афзоиши даромади ҷории буҷети давлатӣ бо дарназардошти ҷалби грантҳо барои дастгирии буҷет аз рӯи рушди воқеии иқтисодиёти кишвар дар соли 2019 ба маблағи 17700,0 млн. сомонӣ ё 22,6 % ММД, дар соли 2020 ба маблағи 19400,0 млн. сомонӣ ё 22,0 % ММД дар соли 2021 бошад дар ҳаҷми 21310,0 млн. сомонӣ ё 22,4 % ММД дар назар дошта шудааст. Дар давраи миёнамӯҳлат афзоиши миёнаи солонаи даромади ҷории буҷети давлатӣ 10,6 %-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳаи таҳиягардида даромади ҷории буҷети давлатӣ дар соли 2019 аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шудааст: даромадҳои андозӣ ва пардохтҳои ғайриандозии дохилӣ бо афзоиши 12,6 % ба маблағи 12355,0 млн. сомонӣ, ё 70,6 % даромади ҷорӣ ва 15,8 % ММД; аз ҳисоби фаъолияти иқтисодии берунӣ 5145,0 млн. сомонӣ бо афзоиши 342,3 млн. сомонӣ, ё 29,4 % даромади ҷорӣ ва 6,5 % ММД; ҷалби грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ 200,0 млн. сомонӣ [2].

Воридоти аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакии муассиса ва ташкилоти буҷетӣ дар соли 2019 ба маблағи 1621,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Қиёс ба соли 2018 ҳаҷми он ба андозаи 4,2 % ё 65,1 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки ин аз устувор гардидани базаи моддӣ ва молиявии муассисаҳои буҷетӣ далолат медиҳад. Афзоиши ин нишондиҳанда дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар соли 2020 дар ҳаҷми 1699,5 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 бошад 1779,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми умумии воридоти буҷет аз ҳисоби қарзҳо ва грантҳо барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби захираҳои молиявии беруна дар соли 2019 – 4073,2 млн. сомонӣ, соли 2020 – 5154,8 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 ба маблағи 4831,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи маблағҳои мазкур қарзи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2019 маблағи 635,3 млн. сомонӣ ва дар соли 2020 маблағи 40,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки ҷалби маблағ дар доираи барномаи давлатии сармоягузорӣ дар соли 2019 - 2021 аз рӯи Стратегияи рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ пешбинӣ гардида, вобаста ба густариш ёфтани муносибатҳои молиявӣ ва дигар давлатҳои донор аз нав дида баромада шуда, ба он тағйироти зарурӣ ворид карда мешавад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 23785,2 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 30,4 фоизро ташкил дода, нисбати буҷети соли 2018 ба маблағи 2447,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2019 ҳаҷми умумии хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ ба маблағи 18187,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин нисбат ба соли ҷорӣ ба андозаи 9,6 фоиз ё ба маблағи 1585,6 млн. сомонӣ зиёд буда, ба 23,3 фоизи ММД баробар мебошад. Афзоиши хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ дар солҳои минбаъда низ нигоҳ дошта шуда, афзоиши миёнаи солонаи он 9,7 фоизро ташкил менамояд. Дар робита ба ин, дар соли 2020 хароҷоти он ба маблағи 19902,2 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 маблағи 21910,5 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки мутаносибан ба 22,5 фоиз ва 22,0 фоизи ММД баробар мебошад. Дар давраи миёнамуҳлат дар буҷети давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва сифати зиндагӣ диққати махсус дода шудааст. Дар сохтори хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2019 барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ маблағи 4866,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 28,6 фоизи хароҷоти ҷориро ташкил медиҳад [3].

Маблағгузориҳои асосии мутамаркази давлатӣ дар давраи миёнамӯҳлат пеш аз ҳама бо мақсади сохтмон ва барқарорсозии иншоотои муҳими давлатӣ, аз ҷумла энергетикӣ, коммуналӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар соли 2019 маблағгузориҳои асосии мутамаркази давлатӣ ба маблағи 3601,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 5,6 фоиз ё 190,9 млн.сомонӣ зиёд мебошад [2].

Дар солҳои минбаъда низ маблағгузориҳои асосии мутамаркази давлатӣ бо афзоиши миёнаи солонаи 6,5 фоиз , аз ҷумла дар соли 2020 – 3853,6 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 - 4123,3 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст [3].

Дар сохтори хароҷотии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои иҷтимоӣ бахши афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар соли 2019 барои маблағгузорӣ намудани ин соҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблазгузории буҷетӣ 10393,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 973,2 млн. сомонӣ ё 10,3 фоиз зиёд мебошад [2].

Хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 13,3 фоизи ММД-ро ташкил мекунад. Афзоиши маблағгузории ин соҳаҳо дар солҳои минбаъда низ нигоҳ дошта шуда, дар соли 2020 равона намудани 11324,3 млн. сомонӣ ва 12296,5 млн. сомонӣ дар соли 2021 дар назар дошта шудааст, ки афзоиши миёнаи солонаи он зиёда аз 9,3 фоизро ташкил мекунад.

Дар соли 2019 ҳадди ниҳоии хароҷоти соҳаи маориф 4326,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 3492,4 млн. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 666,3 млн. сомонӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 168,2 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи мазкур нисбат ба соли ҷорӣ 463,7 млн. сомонӣ ё 12,0 фоиз гардидааст. Маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2020 ба маблағи 4655,8 млн.сомонӣ ва дар соли 2021 ба маблағи 4948,6 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст. Таҳияи буҷети соҳаи маориф бо назардошти афзалиятҳои соҳавӣ аз ҷумла, рушди таҳсилоти томактабӣ, рушди низоми такмили ихтисос ва муҷаҳҳазонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти таълимӣ ба инобат гирифта шудааст.

Хароҷоти соҳаи тандурустӣ барои таъмини афзалиятҳои мазкур, аз ҷумла пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии бемориҳои дилу рагҳо, татбиқи маблағгузории сарикасии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар сатҳи миллӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддӣ техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар ин робита хароҷоти соҳа дар ҳаҷми 1705,9 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати соли 2018 ба маблағи 155,0 млн. сомонӣ ё 10,0 фоиз зиёд мебошад. Дар соли 2020 барои рушди соҳаи мазкур 1882,1 млн. сомонӣ ва соли 2021 маблағи 2132,3 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки афзоиши миёнаи солонаи он 11,2 фоизро ташкил менамояд [2].

Маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2019 ба маблағи 3683,6 млн.сомонӣ, дар соли 2020 – 4065,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 бошад 4418,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он мутаносибан ба 4,7, 4,6 ва 4,4 фоизи ММД баробар буда, афзоиши миёнаи солонаи он 9,6 фоизро ташкил мекунад. Дар робита ба ин, дар соли 2019 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз рӯи афзалиятҳои соҳа ташаккул ёфта равона намудани 8335,0 млн. сомонӣ барои ин мақсад пешбинӣ гардидааст [2].

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба 35,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 10,7 фоизи ММД баробар мебошад. Дурнамои маблағгузории соҳаҳои мазкур дар соли 2020 маблағи 9247,8 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 бошад 9526,5 млн. сомонӣ ба дар назар дошта шудааст.

Дар соли 2019 ҳадди ниҳоии хароҷоти соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 724,6 млн. сомонӣ, дар соли 2020 - 786,3 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 бошад ба маблағи 884,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маблағгузории соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия бо назардошти афзалияти асосии соҳавӣ аз қабили баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ таҳия гардидааст. Ҳадди ниҳоии хароҷоти соҳа дар соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷетӣ ба 618,2 млн. сомонӣ баробар гардида, дар соли 2020 – 1842,7 млн. сомонӣ, дар соли 2021 ба маблағи 1850,3 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар давраи миёнамӯҳлат барои дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани қарзи давлатӣ ва хизматрасонӣ аз рӯи онҳо маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2019 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 0,5 фоиз ё 391,0 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Касри васеи буҷети давлатӣ бошад бо дарназардошти баргардонидани қарзи давлатӣ 1200,6 млн сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби касри ҷорӣ 391,0 млн. сомонӣ, пардохти қарзи асосии берунии берун аз тавозуни буҷет 644,6 млн сомонӣ ва пардохти қарзи асосии дохилӣ 165,0 млн сомониро ташкил дода, ба 1,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Бояд қайд намуд, ки касри васе берун аз тавозуни буҷети давлатӣ, яъне пардохти қарзи асосии дохилӣ ва берунӣ 809,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки манбаи пардохти он муайян карда нашудааст. Дар соли 2020 касри буҷет 441,3 млн. сомонӣ ва дар соли 2021 бошад 497,3 млн. сомониро ташкил мекунад, ки ин ба 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад [2].

Раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи бозорҳои ҷаҳонии молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат ва бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ, ҷиҳати пешгирии таъсири манфии омилҳои мазкур ба иқтисодиёти миллӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ва судманд ба яке аз вазифаҳои калидии фаъолияти ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи ҷамъиятии онҳо маҳсуб меёбад.

Оиди тақвият бахшидани самти ҷалби сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳар як сокини кишвар дар ташвиқу тарғиботи ҳадафҳои иқтисодии Ҳукумат ва давлат саҳми босазои хешро гузошта истодаанд.

Дар баробари он, имкониятҳои мавҷуда пурра истифода нашудаанд ва дар ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ,воридоти техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ нақши аъзоёни ҳизб ва вусъати фаъолияти онҳо баҳри беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ аҳамияти муосир дорад.

Мамадов С.В. - мудири кафедраи молия ва андоз

Нуриддинова М.И. - декани факултети иқтисодӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ