​Истиқлолият ва таҳкими арзишҳои оилавӣ


Таҳти ин унвон моҳи октябри соли равон дар толори факултети забонҳои шарқи донишгоҳ маҳфили «Фарҳанги оиладорӣ» чорабинии навбатиашро баргузор намуд. Дар сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфил, дотсент Раҷабова З. зикр дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорист. Омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ дар назди аҳли ҷомеаро аз вазифаи ниҳоят муҳим арзёбӣ намуд. Сипас, Мансурова А. - дотсенти кафедраи психологияи умумӣ доир ба мазмун ва моҳияти оиладорӣ ибрози назар намуд.

Дар ҷараёни маҳфил миёни устодон ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар қисми фарҳангии маҳфил аз тарафи донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ ва филологияи тоҷик саҳначаҳои тарбиявӣ ва шеъру гуфторҳо дар мавзӯҳои Ватан, модар, оила қироат карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ