Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ

Тоҷикон яке аз миллат ва халқиятҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро илми таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот намудаанд. Аммо баъди салтанати бузурги Сомониён, ки тоҷикон давлати мустақили худро доштанд. Бо таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шӯравӣ мо мустақилияти комил надоштем. Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, таърихи Истиқлолияти давлатии мо чаҳоряк аср бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост.

Воқеан ҳам Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар воқеан асри нав эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳотҳои бузурги сиёсӣ ба шумор меравад.

Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур гардид ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.

Хушбахтона баргузории Иҷлосияи XVIШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷандва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ, сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ гузошта шуд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVIШӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд.

Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолметавон шарҳу эзоҳ дод.

Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ – ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкимиистиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.

Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ қабул шудани санадҳо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳодати он буд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз (24-уми августи соли 1990) ва Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 9-уми сентябри соли 1991) ба марҳилаи нав ворид гардид.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.

Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуда, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба бӯҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия карда шуд.

Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои қабул ва амалӣ намуданисанадҳои ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат доир ба ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ 12 –уми декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ба миён гузошта буданд: “Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст”.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он роҳи ояндаи давлати моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.

Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид. Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз панҷ моҳи эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ 10-уми феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия бо роҳбарии Н. Ҳувайдуллоев кори худро оғоз намуд. Гурӯҳи корӣ дар муддати зиёда аз ду моҳ лоиҳаро омода ва ба Шӯрои Олӣ пешниҳод намуд. 22-уми апрели ҳамон сол ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия ва 28 апрел дар матбуот чоп гардид, аммо нобасомониҳо дар пойтахти мамлакат, муноқишаи сиёсӣ барои қабули он монеа гардид.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои зерқонунӣ қабул гардида, пояҳои ҳуқуқии давлати миллиро мустаҳкам намуданд. Амали меъёрҳои Конститутсия ҷараёни гуфтушунидҳо байни ҳукумати қонунӣ ва мухолифинро тезонида, алангаи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон паст гардонид.

Тайғиру иловаҳое, ки ба Конститутсия 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 тариқи райъпурсии умумихалқӣ ворид гардида, барои амалӣ гардонидани бандҳои алоҳидаи Созишномаи истиқрори сулҳ, таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа, мутобиқнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, мушаххас намудани салоҳият ва самтҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ таккони ҷиддӣ бахшид.

Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Қадами дигари хеле муҳим дар роҳи бунёди давлати миллӣ, давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон ин ба вуҷуд овардани низоми нави ҳуқуқи миллӣ ба ҳисоб меравад. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, роҳу василаи эъмори он заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва дар маҷмӯъ тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Ба вуҷуд овардани низоми ҳуқуқи миллӣ бо таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ -“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз дастовардҳои нодир дар роҳи бунёди давлати миллӣ буд, ки маҳз бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат қабул гардиданд.

Низоми ҳуқуқи миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо ташаббуси Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал аз ҷониби тамоми мардум, давлатҳои мухталиф пазируфта шуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.

Дар оғози қарни нав имкониятҳои васеи татбиқи ислоҳотҳо ва барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат имконпазир гардид. Ин тадбирҳо ҳанӯз соли 2000-ум самараи худро нишон дода, нишондиҳандаҳои баландтарин нисбат ба давраи оғози истиқлолият ба қайд гирифта шуд.

Маҳз аз ҳамин давра ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида,он ҳамчун дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона дошта дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми сазовор гузошт.

Дар ПаёмҳоиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои соли сипаришуда дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди муҳоқима қарор дода шуда, нақшаи тараққиёти оянда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ тарҳрезӣ, вазифа, мақсаду маром, роҳу василаҳои тактикии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, асосӣ ва калидиро муайян ва мушаххас мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ дар самти сиёсати хориҷӣ роҳи сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта аъзои ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз қабили СММ, САҲА, СҲИ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонда байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле истеҳком ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодаву сиёсӣ аз қабили хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза саҳмгузорӣ менамояд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли қазияи Афғонистон, пешгирии терроризм ва экстремизм, ҳалли муаммоҳои норасоии обу экология, тағйирёбии иқлим дар сайёра ташаббусҳои нав ба навро пешниҳод менамоянд, ки он аз ҷониби СММ пазируфта шудааст.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат (26-уми январи соли 2021) ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи муҳим зоҳир гардида, дар он доир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун муфассал инъикос гардидааст. Аз ҷумла, дар Паём қайд гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Пешвои миллат доир ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздик – ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои узви ИДМ сухан ронда таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ бо ин давлатҳо дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса дорандва ин робитаҳо дар тамоми самтҳо рӯ ба рушд буда, минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо шарикони стратегии он - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Тоҷикистон мутобиқ бо принсипҳои сиёсати дарҳои кушод ва ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро бо кишварҳои дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико тақвият хоҳад бахшид.

Дар раванди аз нав эҳё намудан ва рушди давлатдории миллӣ фазилати беҳтарини тоҷикон таҳаммулпазирӣ, роҳ надодан ба вакууми идеологӣ ва бетарафию бегонапарастӣ маҳсуб меёбад. Дар тӯли истиқлолияти давлатӣ доир ба ташаккули андешаи миллӣ ва тафаккури миллии ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Чунки бе баланд бардоштани мавқеи инсон, бе доштани идеяи миллӣ ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти кишвар пешравӣ ва ноил гардидан ба ҳувият ё дастовардҳои бузурги миллӣ ғайри имкон аст.

Тазаккур бояд дод, ки ғояи миллӣ ва тафаккури миллӣ бештар ба захираҳои ақлонии миллат ва сарварони сиёсии болиғ ва пешбар вобастагии сахт дорад, ки худи онҳо дар раванди таълиму тарбия ва идоракунии давлат ибрати дигарон шуда, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро ба зеҳну тафаккури мардум ҷой дода тавонанд. Дар ин ҷараён нақши сарварони сиёсии кишвар, пешво ва анъанаву суннатҳои миллӣ низ хеле бузург аст.

Яке аз омилҳои созанда ва ваҳдатгустари тафаккури миллӣ расму русум, ойину анъанаҳо мебошад, ки дар давоми асрҳои зиёд пайдо ва густариш ёфтааст. Дар ҷараёни омодагӣ ва ҷашни иду маъракаҳои халқӣ ва давлатӣ мардум дар атрофи Ҳукумат ва Сарвари миллат ҷамъ шуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани он саъй ва кӯшиш зиёд, садоқату дастгирии худро зоҳир месозанд. Дар иртибот бо таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ навовариҳои зиёде ба сомон мерасанд. Сарҷамъӣ ва иштироки оммавии кӯдакон, ҷавонон, пиру барно, роҳбарон ва намояндагони аксари ташкилот ва муассисаҳо дар ин и суннатӣ ва фарҳангӣ руҳи идона ва оммавӣ медиҳанд.

Сабаб дар он аст, ки: “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд”.

Барои ҳалли масъалаи эҳёгарии тафаккури миллӣ, бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, барои ташаккули идеяи миллӣ, ки фарогири тамоми қишри ҷамъият бошад монополияи давлат шарти муҳим мебошад. Дар ин раванд ҷашни Наврӯз ҷашни умуммиллӣ эълон гардид ва СММ онро ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд. Ҳамчунин таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили анҷуманҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700 солагии Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1995, 2015), 675-солагӣ ва 700 солагии Хоҷа Камол (1996, 2020), 1000 солагии Носири Хусрав (2003), 1025 солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150 солагии нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 100-солагии Мирзо Турсунзода (2011) ва амсоли инҳо худшиносии миллӣ, ҳамчунин шинохти ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти хоса дорад.

Волотар аз ин, қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад.

Бо ташаббуси Роҳбари давлат зина ба зина ҷашн гирифтани санадҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100 солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500 солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700 солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва ғайраҳо гузаштаи моро ба имрӯзи мо пайванд месозад.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки“ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”.

Аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Ҳифзи истиқлолият дар масири таърих гуногун аст. Маъмулан дар байни сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ду роҳи эътирофшудаи он – яке маънавӣ ва дигар низомӣ машҳур аст. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳарду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад, хизматҳои шоиста намуданд.

Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикроҳифз кардан,сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Ҷабборов И.Р. - н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ

Абдукаримов Ҷ.А. - н.и.т., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ