Истиқлоли миллӣ ва заминаҳои тасҳеҳ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ

Марҳилаи ҷадиди таърихӣ, ки ба поёни қарни ХХ ва оғози ҳазорсолаи навин барои Тоҷикистони мо айёми пурбореро бо номи Истиқлоли миллӣ эҳдо намуд, дар қатори дигар арзишҳои сиёсӣ барои ин миллат таваҷҷўҳи дубора ба эҳёи андешаи миллӣ, ҳуввият ва фарҳанги тоҷикон ва мунтаҳо даврони тозаи растахези фарҳангиро ба сурати нав рўи кор овард. Маҳз, дар ҳамин замон буд, ки бо таҷлили 1100 солагии давлати Сомониён муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ бо фарогирии омўзаҳои таърихӣ таҳқиқу баррасӣ гардида, дар корсозии давлатдории навини миллӣ татбиқи амалии худро пайдо намуданд. Ҳамин омил боис гардид, ки бо аз сар гирифтани таҷлили 2700 солагии китоби муқаддаси Авасто ва эълони 3000 солагии фарҳанги Зардуштӣ, инчунин эълони Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ таърихии ташаккули давлатдории тоҷикон аз қаламрави Ориёно то Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони муосир ба меҳвари тадқиқи амиқ кашида шуд, ки дар саргаҳи ин ҷараёни неҳзатофари фарҳангӣ ва маънавӣ бешак худи сарвари давлат қарор гирифтанд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиф ва нашри китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» саҳифаҳои тозаеро аз ин таърихи пурғановат ҷилварезӣ намуда, бешак як даврони бошукуҳи таърих, тамаддун, оини давлатдории шаҳриёрони қадими тоҷиконро бо беҳтарин ваҷҳ шарҳу тавзеҳ бахшид. Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон бо мутолеоти ин осори ғаноманди илмӣ равзанаҳои хосе даромўзиши саҳифаҳои дурахшони миллати худ пайдо карда, иқдомоте худшиносонаву худогоҳона аз хеш зоҳир мекунанд. Чунин ибтикороти худогоҳонаи Пешвои милл ат буд, ки дар ин даҳсолаи аввали қарни ХХI ба таври воқеиву рўшан як айёми бошукўҳи ривоҷи неҳзати фарҳангӣ, растахези навбатии Аҷам бо омезаҳои тафаккури миллӣ ва исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур пайдо намуд, ки яке аз самтҳои муҳими ин наҳзати фарҳангиро фароҳамоварӣ, таҳқиқ, тавзеҳ ва нашри мероси хатти ниёконамон ба вуҷуд овард.Нашри китоби муқаддаси ниёгонамон Авасто, китоби муқаддаси «Қуръон» бо тарҷумаи тоҷикӣ«Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» - нахустин ва бузургтарин тафсири китоби муқаддаси Қуръон, Девонҳои бузуртариги шоирони мо чун, Рўдакӣ, «Девони Шамс»-и Мавлонои Румӣ, ки бо ибтикори сарвари давлат барои ҳар ду ин бузургони адабиёти мо солҳои бузургдошт ҳам эълон гардид ва теъдоди фаровони осори классикон, мисоли «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Рубоиёт»-и Умари Хайём,“Маснавии маънавӣ” ва «Девони Кабир»-и Мавлоно ҶалолуддиниБалхӣ, Девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Биноӣ, Калими Кошонӣ, Туғрали Аҳрорӣ, мероси адабиву илмии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Куллиёт”-и Садриддин Айнӣ ва амсоли ин аз тавсеаи инқилоби маънавӣ ва худогоҳӣ дар давраи навини таърихӣ ҳамчун падидаҳои истиқлоли маънавӣ ва фарҳангӣ паём мерасонад. Ногуфта намонад, ки интишори ин мероси бузурги маънавӣ пеш аз ҳама бар асоси сиёсати маънавиятпарваронаи Пешвои миллат дар самти бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи адабиёт ва фарҳанги миллии мо сурат гирифт, ки ин тамоюлии сиёсати фарҳангӣ дар баробари талбиғи мероси эшон ба нашру муаррифии дастовардҳои ақлонии миллати мо, ки дар пеш аз ҳама дар ҳазорон ҳазор ҷилд нусхаҳои хаттӣ сабт шудаанд, заминаҳои мусоиде фароҳам овард. Кори таҳия ва нашри ин осори гаронмоя, ки аксари онҳо ба шакли комил дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба нашр расиданд, пеш аз ҳама бар пояи истифодаи нусхаҳои хаттии ин навъ осор, ки дар китобхонаҳои кишвар ва берун аз он ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд, сурат пазируфт ва ҳатто мероси тозаи бозёфтаи суханварон, адибону мутаффакирон бо шарофати истиқлоли миллӣ низ муаррифӣгардид.

Мусаллам аст, ки дастнависҳо ганҷинаи бузурги ифодагари ҳастии миллат ба шумор омада, ғаномандии фарҳанг ва забони миллӣ, сарчашмаи бои тафаккури созандаву барозандаро ифода мекунанд, Аз таърихи тоҷикон рeшан мешавад, ки ба коми нестӣ рафтани теъдоди фаровони ин нухсаҳо, ки ҳосили тафаккури пурбори аҷдоди моро ифода мекунанд, ҳанeз аз ҳамлаи Искандар оғоз ёфта, то ба замони сиёсати маънавиятситезии замони Шeравӣ дар солҳои 37-уми қарни ХХ расиданд. Нақл мекунанд, ки маҳз дар замони нуфузи ин сиёсат мардум осори зиёди нусхаҳои хаттиро ба дарё андохтанд ва ё дар гўристонро ба хок супориданд.

Дар канори ин набардҳои сиёсӣ мардумони зиёде дар ҳифзи осори хаттӣ ҳиммат гумоштанд ва даврони истиқлол марҳилае гардид, ки барои ҳифозатионҳо корҳое судманд ба ҷо оварда шавад. Ҳарчанд ба ҳиммати донишмандону зиёиёни тоҷик хеле барвақт масъалаи ҷамъоварӣ ва ҳифозати нусхаҳои хаттӣ оғоз гардид ва дар Институти мероси хаттии АУ ҷумҳурии Тоҷикистонва шўъбаи дастнависҳои китобхонаи миллии Тоҷикистон теъдоди бешумори нусахи хаттӣ ва чопи сангии осори гузаштагон ҷамъоварӣ шуд, аммо ин раванд дар даврони истиқлол боз ҳам густариш пайдо кард. Маҷмўан, имрўз Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар қатори бисёре аз китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳон ба марказиҳифзи ёдгориҳои хаттии ниёкон табдил ёфтааст,ки дар марҳилаи навини таърихӣ ба унвони бузургтарин китобхонаи беназир дар қаламрави Осиёи Марказӣмаҳсуб меёбад. Бештари марокизи нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ дар қаламрави вилоятҳо ё китобхонаҳои шахсӣ мероси хаттии хешро ба хазинаи ин китобхона ҳамроҳ намудаанд, то ки маркази ягонаи бузург ва мўҳташами нусахи хаттӣ дар кишвар эҷод шавад. Ҳарчанд худи шўъбаи дастнависҳои Шарқи китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1933 таъсис ёфтааст, аммо нуфуз ва ғанои ин хазина дар замони соҳибистиқлолии кишвар боз ҳам равнақ касб кард. Ҳарчанд соли 1953бо фармони махсуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи нусхаҳои хаттии ин то айём фароҳамовардашуда ба ихтиёри Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон вогузор шуданд, аммо бо кўшиш ва талошҳои пайвастаи аҳли савод ва китобдўстон дубори хазинаи китобии мазкур барқарор гардида, теъдоди зиёди осори хаттӣ фароҳам оварда шуд, ки бештари онҳо ба замони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Бо пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҳар роҳу восита истифода мешавад, то ки нусхаҳои хаттии фаровони мавҷуд дар ихтиёри аҳолӣ ба шўъба тавассути харидорӣ ё ҳадя ворид карда шавад. Агар то се соле пеш дар ихтиёри шўъба 2200 нусхаи хаттӣ маҳфуз бошад, танҳо дар давоми се соли охир 376 адад нусхаи нав вориди хазина гардида, миқдори умумии онҳо ба 2576 адад расидааст. Ҳамзамон, дар канори ин нусхаҳо бештар аз 2300 нусхаҳои чопи сангӣ дархазинаи мазкур мавҷуданд, ки дорои аҳамияти муҳим ба шумор мераванд.Бо истифода аз имкониятҳои технологияи муосир ва таъмини шароити мувофиқ ба меъёрҳои замонавӣ дар шўъбаи дастнависҳои китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъсиси хазинаи электронии нусхаҳои хаттӣ ба роҳ монда шуд, ки қисмати асосии нусхаҳои аслии хаттӣ ба сурати электронӣ дароварда шуданд. Ҳамзамон, барои ғанои қисмати электронии бахши нусхаҳои хаттӣ тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои китобхонавӣ теъдоди муайяни нусхаҳои хаттӣ аз китобхонаҳои олам ворид гардиданд, ки аз ҷумла 30 адад аз ҷониби китобхонаи миллии Фаронса тўҳфа шудаанд.

Бар асоси фаъолиятҳои густардаи китобхонаи миллии Тоҷикистон дар заминаи таҳияи мутуни адабиву илмӣ ва таърихӣ, инчунин тарҷумаи осори илмӣ дар давоми чанд соли охир корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд. Ба ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо кўшиши нахустин Раиси китобхонаи миллии Тоҷикистон академик Носирҷон Салимӣ дар назди маркази тоҷикшиносии китобхона нашри силсилаи Тоҷнома ба роҳ монда шуд, ки дар заминаи он то кунун беш аз 15 ҷилд мутуни илмиву адабӣ, таърихномаҳо,тарҷумаи пажўҳишҳои таърихии ховаршиносон ва донишварон, кутуби таърихи адабиёт ва амсоли ин ба нашр расиданд. Ин силсила аз китоби Авасто шурўъ шуда, фарогири маҷмўаи мероси паҳлавӣ, таърихномаҳои “Таърихи Бухоро”, “Таърихи Систон”, “Зайн ул ахбор”, “Таърихи Байҳақӣ”, асари ҷуғрофии “Ҳудуд ул олам” ва монанди инро фаро гирифтааст. Имрўз низ таҳияи ин навъҳо матнҳо бар асоси корбурди нусахи хаттӣ ва чопҳои сангиву муосир идома дорад, ки ин тадбири муҳимро метавон яке аз равишҳои судманд дар кори таҳия, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ унвон намуд. Бо ташаббуси Раёсати кунунии китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши махсуси илмӣ бахшида ба ин тадбири муҳим таҳти унвони «Тоҷнома» - суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва Ваҳдати миллӣ» низ доир гардид, ки дар он ба аҳамияти муҳими ин ташаббус барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлоли маънавии халқи тоҷик таъсири муҳим мегузорад.

Солҳост,ки дар заминаи ба вуҷуд овардани як хазинаи бузурги дастнависҳо ва мероси нодири ниёкон дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои омўзиши мутуни хаттӣ ҷараёни густарда дорад. Айни замон дар хазинаи китобии ганҷинаҳои нодири ин китобхоназиёда аз 5750 адад нусхаҳои хаттӣ ва беш аз 6350 адад кутуби чопи сангӣ бо забонҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ ва монанди ин нигаҳдорӣ мешаванд. Маҷмўан дар таркиби ин нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангӣ бештар аз 30000 матни осори фарогири масоили мухталифи марбут ба илму фарҳанги асримиёнагии форсу тоҷик ҷой гирифтаанд. Нусхаҳои қадимтарини нодири маҳфуз дар ин китобхона ба қуруни ёздаҳ дувоздаҳ тааллуқ мегиранд. Дар канори ин, чанд нусхаи нодири хаттии мунҳасир ба фард ва ягонае низ дар ин хазина ҷой дорад, ки аз рўи иттилои дар онҳо омада ба қалами худи нависандагони онҳо тааллуқ доранд ва дар саҳифаҳои мухталифи осор хатти нигорандаи он ба назар мерасад. Аз ҷумлаи ин кутуб «Луғати Али Сафӣ» -т Фахриддин Алии Сафи, «Зафарнома»-иБадруддин Кашмирӣ (XVI в.), Ҷангномаитаворих» -и Мир Рабеь ибни Мир Ниёз (XVIII в.), «Таърихи манзума»-иИмомалӣ Қундузии Комӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-иХоҷа Неъматул-лоҳи Муҳтарам, «Ганҷи шойгон» -и Абдурахим Тамкини Бухораи (XIX в.) ва ғайра ба шумор мераванд.Гуфтан мумкин аст, ки хазинаи даснависҳои нодири мазкур яке аз бузургтаринҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, дар канори шумораи мазкури нусхаҳои хаттӣ ва чопи сангӣ бо ибтикори кормандони китобхона айни замон 5680 адад нусхаи электронии осори мазкур таҳия ва барои истифодаи умум қарор дода шудааст.

Бо ибтикор ва талошҳои пайвастаи кормандони Маркази мазкур аз замони фаъолият ба ҳайси Институти ховаршиносӣ то кунун бо истифода аз ин хазинаи бебаҳои нусхаҳои нодир кутуби фаровоне дар сурати осори адабиву таърихӣ, диниву мазҳабӣ, бадеӣ, ҷуғрофӣ, нуҷум ва амсоли ин тасҳеҳ ва нашр шудаанд. Бояд гуфт, ки дар заминаи институти мазкур шўъбаи матншиносӣ ва нашри осори адабӣ амал мекунад, ки самти аслии фаъолияти он таҳия ва ба нашр омода кардани мутуни илмиву интиқодии осори классикони форсу тоҷик ба шумор меравад ва гуфтан мумкин аст, ки то кунун нашрҳои илмӣ- интиқодии осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, Шайх Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Калими Кошонӣ, Фахрии Ҳиравӣ ва дигароончоп шудаанд.

Дигар аз самтҳои муҳими фаъолияти ин шўъба ба таҳия ва анҷоми нашрҳои оммавӣмарбут аст, ки то кунун осори намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик Масъуди Саъди Салмон, Файзи Кошонӣ, Шамси Табрезӣ, Имлои Бухороӣ, Маҳмуди Шабустарӣ ва дигарон ба чоп расидаанд ва корҳои муҳим дар ин ҷода идома дорад. Дар cамти таҳияи матни тазкираҳо, ки қисмати асосии нусхаҳои хаттии онҳо дар махзани китобии худихазинаи мероси хаттӣ маҳфузанд, низ тадбирҳои зарурӣ ба амал пайваста шудааст.То кунун «Тазкиратулшуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ, «Тазкира»-и Малеҳои Самарқандӣ, “Туҳфат -ул-аҳбоб”-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва амсоли ин ба чоп расидаанд. Аммо ёдоварӣ ба маврид аст, ки дар қатори ин тазкираҳоиНеъматуллоҳи Мўҳтарам, Абдуллохоҷаи Абдӣ ва дигар ба сурати матни илмӣ интиқодӣ низ аз сўи кормандони ин муассисаи бонуфузи илмӣинтишор ёфтааст, ки бар пояи онҳо корҳои шоёни илмӣ – тадқиқотӣ ҷараён дорад. Ҳамзамон ёдоварӣ ба маврид аст, ки дар баробари ин тазкираҳо осори маъруфи адибони классики форсу тоҷик чун Сайфи Исфарангӣ, маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигар адибону мутаффаккирони форсу тоҷик чӣ ба сурати факсималӣ ва чӣ дар шакли матни илмӣ – интиқодӣ бо хати форсӣ нашр шудаанд, ки ҳамагӣ имрўз мавриди истифодаи умум қарор доранд.

Тайи чанд соли охир дар назди Маркази мазкур шӯъбаи тадқиқ ва нашри осори илмӣ ба нашри маҷмӯи ёдгориҳои хаттии таърихии илму фарҳанг таҳти унвони «Ганҷи шайгон» машғул аст, ки он дар назар аст, дар 50 ҷилд рўи чоп ояд. То кунун силсилае аз мутуни илмӣ, осори фалсафӣ, ирфонӣ ба чоп расидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо «Таърихи Табарӣ»,«Зодулмусофирин»-и Носири Хусрав “Кимиёи саодат” –и Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, «Равзатуссафо»-и Мирхонд, Меъёруттадайюн»-и Аҳмади Дониш ва амсоли ин маҳсуб мебошад ва бахши аъзаме аз ин гуна матнҳо бошад айни замон омодаи нашр гардидаанд.Аз муҳимтарин иқдоми дигаре, ки дар ин замина дар ин махзани илму маърифат аз сар гирифта шуд, нашри тарҷумаи тоҷикии китоби муқаддаси “Қуръон” мебошад, ки бо ибтикори донишманди равоншод Муҳаммадҷон Умаров сурат гирифт.

Яке аз муҳимтарин корҳои судманди дигаре, ки дар ин ҷода ба поён бурда шуд, тавсифи илмии дастнависҳои тоҷикиву форсӣ маҳсуб меёбад Ҳамзамон феҳристи мухтасари дастнависҳои тоҷикиву форсии Захираи дастхатҳои шарқии АИ ҶТ дар чор ҷилд, феҳристи мухтасари дастнависҳои арабӣ дар се ҷилд мураттаб гардидааст, ки ин осор низ дар матншиносӣ ва нусхапажўҳӣ муҳим ба шумор мераванд.

Мурур ба ҷараёни таҳаввулоти адабӣ дар чанд соли охир нуктаеро мусаллам мегардонад, ки дар қиболи касби равнақи равандҳои адабиётшиносӣ, рушду нумўи фазои маънавии ҷомеа масоили матншиносӣ, тасҳеҳ ва нашри осори адабӣ низ рў ба пешрафтҳои тоза оварда, тамоюлҳои матлуберо соҳиб мешавад. Ҳарчанд заминаҳои ташаккули матншиносӣ дар қаламрави адабиётшиносии тоҷик сарчашмаҳои собите аз замони Шўравӣ дорад ва иқдомоти нововарони ин арса чун устодон Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Аълохон Афсаҳзод, Расул Ҳодизодава дигарон то кунун ба ҳукми дастуроти раҳнамонда дар ҷодаи шинохти мутуни осори адабӣ ба кор мераванд, аммо татавури бемайлони ин раванд бар асари рў ба роҳ гузоштани чандин иқдомоти тоза эҳсос мешавад. Хоса, нашри силсилаи «Ахтарони адаб» бешак як тамоюли қобили мулоҳизае дар тасҳеҳу таҳияи нашри осори адабӣ ба шумор меравад, ки то кунун намунаҳоро аз осори суханварони гузаштаи мо ба дасти хонанда расонидааст.

Зимнан, лузумоте бар таъкиди нуктае ҷой дорад, ки ҳарчанд майлони тасҳеҳи матни адабӣ ба шеваи омавӣ бештар дар ҳавзаи адабиётшиносии имрўзи мо чӣ дар сурати нашри комил ва чӣ дар шакли мунтахаби осор ҷойгоҳи муҳиме касб намудааст, аммо ба назар мерасад, ки тамоюли нусхашиносӣ, татбиқи шеваҳои муқаддами матншиносӣ ва тасҳеҳи мутуни адабӣ ба тадриҷ муваффақона ба кор гирифта шуда истодаанд,ки нашри силсилаи осори адабӣ дар давоми чанд соли охир ба ҳақиқати ин амр таъкид меварзанд. Ба таъбири дигар, дар даврони соҳибистқлолии Тоҷикистон шеваи тасҳеҳ ва таҳияву нашри мутуни илмӣ –интиқод равнақи тоза касб намуда, шеваҳои қобили мулоҳиза ба миён омаданд. Хоса, нигориши тавзеҳоти муфассал дар заминаи муқобала ва қиёс мо нусха ва нашрҳои мухталиф, шарҳу тафсири муарработ ва вожагону таъбирҳои мушкил нуфузи хосаеро дарёфт намуд, ки ин амри муҳим дар маърифати матолиби аҳли сухан ва адабу ирфон нақши бориз гузошт. Ин ҷо метавон ба унвони намуна чанд аз ин гуна осори тасҳеҳшударо муаррифӣ намуд, ки аз ин шеваҳои муқаддами матшиносӣ бархурдор мебошанд. Нахуст анҷоми тасҳеҳи китоби «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ ба кўшиши донишманди соҳибноми тоҷик ҷумабоой Азизқулов мебошад, ки бар асоси се нусха анҷом ва интишор ёфт. Тасҳеҳкунандаи матни китоби мазкур нахуст нашри истамбулии асарро, ки соли 1948 бо эҳтимоми Аҳмади Оташ бар мабнои нусахи мавҷуд дар китобхонаҳои Туркия сурат гирифтааст, ба асос гирифта, дар ҷараёни кори худ ҳамзамон аз як нусхаи хаттии мўътабари маҳфуз дар китобхонаи пажўҳишгоҳи ховаршиносии ба номи Берунии Академияи илмҳои Ўзбекистон дар шаҳри Тошканд, ки бо шуморагони 9318 нигоҳдорӣ мешавад, истифода карда. Дар канори ин, зимни тасҳеҳи матни «Синдбоднома» устод Ҷумъабой Азизқулов нашри ҷадиди ин асар дар Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки бо эҳтимоми доктор Муҳаммабоқири Камолиддинӣ дар муассисаи Маркази мероси мактуб дар соли 1381 сурат гирифта, низ дар ихтиёр доштааст. Нашри «Синдбоднома» ба аввалин бор бад-ин сурати такмилаи муфассали матнӣ, ҳавошӣ ва таҳқиқ дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, ҳарчанд аз ин қабл худи мусаҳҳеҳи китоби мазкур чанд маротиб гузидаи онро ба зевари табъ дароварда.Маҷмўан ин нашри «Синдбоднома» ва пажўҳиши бар мабнои матни он анҷомдодаи устод Ҷумъабой Азизқулов аз ҷумлаи ибтикороти муҳимме дар матншиносии осори классикии форсӣ дар Тоҷикистон ва таҳқиқе пурарзиш дар шинохти кайфияти сабки таълиф, сарчашмаҳои зуҳури ин асар дар адабиёти пешин ва маърифати бадеии достонҳои дилангези он ба унвони беҳтарин достонҳои тамсиливу бадеии адабиёти форсӣ маҳсуб мешавад

Дигар аз чунин намунаҳои тасҳеҳи матн таҳияи китоби ҷовидонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ “Нафаҳот ул унс” мебошад, ки ба кўшиш устодони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Баҳром Мирсаидов ва Мўътабар Оқилова зери назари академик Носирҷон Салимӣ соли 2012 рўи чоп омад. Коре ки устодони донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар амритаҳияи ин китоби мўътабар анҷом доданд, воқеан кўшиши нахустин дар нашри мукаммали ин тазкираи пурарзиш дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, зеро қабл аз нашри ин китоб дар соли 1990 бо ибтикори донишмандони тоҷик Алӣ Муҳаммадиев ва Асрор Раҳмонов танҳо гузидаи «Нафаҳот» ба дасти чоп расида буд. Аммо он чӣ қобили мулоҳиза ва таъкид аст, дар пешгуфтори ин гузида пажўҳишгари тоҷик Алӣ Муҳаммадиев роҷеъ ба нусхашиносии «Нафаҳот» дар Тоҷикистон изҳори назар намудааст, ки дар нашри ҷадид мураттибони китоб тавассути муаррифии ин нусах ба асли онҳо даст ёфта, зимни кори хеш аз чандеи онон мустафид шудаанд. Аз ин рў, кори анҷомдодаи ин устодон, ки бар асоси дунусхаи хаттӣ ва ду нашри чопии китоб сурат гирифтааст, нахустин нашри мукаммали «Нафаҳот»-и Абдураҳмони Ҷомӣ дар Тоҷикистон ба шумор меояд, ки бар он албатта феҳристи ашхосу амокин,луғот ва нукоти дигаре афзудаанд.

“Девон”-и Рўдакӣ дар таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам ёдовар шуд, ки нахуст соли 2007 дар Олмотӣ ва соли 2015 тариқи интишороти “Бухоро” дар Душанбе ба чоп расид.Гуфтанист, ки танҳо бахши тавзеҳот, феҳристи мухтасари кутуб ва вожаҳо дар 204 саҳифа мундариҷ аст, ки ин амр ба заҳамоти таҳиягари матни девон дар шинохти ҳар чӣ бештари матолиби ашъори устод Рўдакӣ таъкид меварзад. Барои хонанда низ мутолеаи он дар гушоиши хеле аз гираҳҳои ашъори Одамушшуаро ва таъмини сиҳҳатии матни ашъор кўмак хоҳад намуд. Муқаддимаи мураттиб, ки дар 26 саҳифа иншо шудааст, низ аз ҳамин гуна фазилатҳои илмӣ бархурдор мебошад.

Баъдан маснавии “Гулшани роз”-и Маҳмуди Шабустарӣба кўшишШодимуҳаммад Сўфизода дар соли 2015 таҳия ва нашр гардид, ки он низ бо баҳрагирӣ аз чунин шеваҳои муфиди тасҳеҳи мутуни адабӣ ба қалам омадааст. Шоистаи тазаккур аст, дастрасии мусаҳҳеҳ ба нусхаҳои хаттӣ ва чопии маснавии “Гулшани роз” ва маҷмўи шуруҳи нигошташуда бар он имкон додааст, ки дар ҷараёни кори худ аз ағлаби онон баҳрабардорӣ намояд. Тавре муҳаққиқ дар пешгуфтори матни таҳияшуда иброз медорад, “дар омода намудани ин маснавӣ ба хатти кириллӣ матни Алиқули Маҳмуди Бахтиёрӣ, ки дар замимаи “Мафотеҳ ул эъҷоз фӣ шарҳи “Гулшани роз”-и Шайх Шамсуддин Муҳаммади Лоҳиҷӣ чоп шудааст, асоси кор қарор гирифт ва низ аз мутуни дигари қаламию чопӣ ва ҳамчунин аз шарҳҳои марбут ба ин маснавӣ истифода шуд. Дар чанд маврид барои такмил ва ташхиси бархе вожаҳо ва таъбирҳо, нусхаи қаламии “Гулшани роз”, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №4791 маҳфуз аст, мавриди истифода қарор гирифт”. Афзуда бар ин муҳаққиқ дар ҷараёни таҳияи матн бар ҳошияи сафаҳоти муфассале нигошта, ки он дар мақоми як шарҳи мустақил бар китоби мазкур аз сўи таҳиягари матн маҳсуб мешавад, зеро аксари вожагону таобир бар пояи корбурди матолиби фарҳангҳои ирфонӣ аз диди пайванд ба тасаввуф, фалсафа ва ирфон шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.

Дар ҳавзаи илмии Хуҷанд кори тасҳеҳ ва таҳияи мутуни адабиву илмӣ ба фаъолияти густардаи Маркази Пажўҳиши тамаддуни давраи Сомониён такя мекунад, ки он соли 1998 таъсис ёфта, дар фосилаи начандон тўлонии мавҷудияти хеш ба рушди матшиносии тоҷик нақши муассире гузошт. Дар навбати аввал ба истиқболи ҷашни 1100 солагии Давлати Сомониён бо кўшиши донишмандони соҳибноми узви ин марказ Сайдулло Абдуллоев, академик Носирҷон Салимӣ, профессорон Низомиддин Зоҳидӣ, Абдуҷамол Ҳасанов, дотсентон Нуруллоҳхон Ғиёсов ва Неъматулло Ҷураев силсилаи мутуни таърихӣ, ки аз салтанати Сомониён нақл мекунанд, дар ду муҷаллад ба чоп расиданд. Ҳамзамон, бо ибтикори бевоситаи академик Носирҷон Салимӣ дар ду муҷаллад намунаҳои осори насрии давраи Сомониён зери унвони “Мероси оли Сомон”, “Сафарнома”-и Носири Хусрав тасҳеҳ ва нашр гардиданд. Бо ибтикори устоди фақид Абдулманнони Насриддин матни “Девон”-и устод Рўдакӣ ҳамзамон бо мақолоти пурарзише дар рўдакишиносӣ мунташир гардид, ки ҳамагӣ аз ҷойгоҳ ва аҳамияти муҳиме дар матншиносӣ бархурдоранд. Бо кўшиши академик Носирҷон Салимӣ, профессорон Низомиддин Зоҳидӣ, Абдуҷамол Ҳасанов, дотсент Нуруллохон Ғиёсов дар ду ҷилд китоби мўътабари “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” тасҳеҳ ва таҳияву нашр гардид, ки аз ҷумлаи корҳои муҳими Марказ дар рушди матнишиносии амалии тоҷик эътироф мешавад.

Албатта, корномаҳои ин Маркази бонуфузи илмӣ дар ҷабҳаи таҳқиқи фарҳангу адабиёти даврони Сомониён хеле бузург ва сутуданист, ки ин ҷо имкони баррасии муфассали он бар иқтизои дигаргунии ҳадафи нигориши мо мавҷуд нест, чун бо аслан ба нақши он дар рушди матншиносӣ таваҷҷўҳ доштаему бас. Танҳо зикри яке аз бузургтарин корномаҳои он таҳия ва нашри “Донишномаи Сомониён” маҳсуб меёбад, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ дар кишвар ба шумор омада, муаллифони он – кормандони аслии ин марказ ба гирифтани ҷоизаи байналмилалии “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, бунёди “Рўдакӣ” (Фаронса) ва “Манучеҳри Фарҳангӣ” (Испания) гардиданд.

Ҳамин тавр, тайи даҳсолаҳост, ки шеваҳои мухталифимарсум дар матншиносии амалии Тоҷикистон дар ҳавзаи илмии Хуҷанд дар таҳияи мутуни зиёде ба кор гирифта мешавад, ки ба андешаи мо омили аслии тарвиҷи он ба миён омадани заминаҳои назарии матншиносӣ дар ин муҳити илмӣ бо ибтикори устоди равоншод Абдулманнони Насриддин маҳсуб меёбад. Профессор Абдунабӣ Сатторзода барҳақ устод Абдулманнони Насриддинро бунёдгузори матншиносии назарӣ унвон додаанд ва ин пеш аз ҳама ба зуҳури чандин корномаҳои бузурги илмии ин донишманди фарҳехта пайванд мегирад. Китоби китоби муътабари илмии устод “Матшиносии осори адабӣ”, ки ду маротиба (солҳои 2008 (Хуҷанд), 2011(Душанбе) нашр шудааст, шореҳи ростини мақоми воқеии эшон дар пайрезии матншиносии назарии тоҷик маҳсуб меёбад. Корбурди ҳамин шеваҳои назарии илмӣ дар таҳия, тасҳеҳ ва нашри осори адабӣ, ки аз сўи донишманди соҳибноми тоҷик пешниҳод шуданд, бевосита дар худи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пояҳои матншиносии амалиро таҳким бахшид ва устодони соҳибноми ин боргоҳи маърифат аксар ин усулҳои муътабар ва муқаддамро дар ҷараёни кори худ муваффақона истифода намуд. Дар натиҷа дар фосилаи кутоҳи баъд аз нашри китоби “Матншиносии осори адабӣ” чандин намунаҳои хуби тасҳеҳи мутуни адабиву илмӣ рўи кор омаданд, ки метавон ба чанде аз корномаҳои илмии олимон дар ин ришта ишорат намуд, ки бевосита шогирдон ва ҳамкорони устод онҳоро сомон бахшидаанд. Тасҳеҳ ва нашри “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ аз сўи шогирдони бевоситаи устод Абдуҷаббори Суруш ва Саидумрон Саидов дар соли 2011 бо истифода аз чандин нусхаҳои муътабари хаттӣ ва китобӣ аз ҷумлаи яке аз чунин пайкорҳо дар матншиносии амалӣ маҳсуб меёбад. Соли 2015 бошад Абдуҷаббори Суруш бори дигар ба матни қаблан тасҳеҳшуда таҷдиди назар намуда, бо илова ва муқаддимаи муфассал ин “Девон”-ро ба хати форсӣ ва сириллик рўи чоп овард, ки аз беҳтарин ва мукаммалтарин нашрҳои девони шоир дар Тоҷикистон маҳсуб мебад. Ҳамзамон, таълиф ва нашри “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ” аз сўи ин шоири тавонои тоҷик корномаҳои бештар аз бистсолаи ўро дар арсаи камолшиносӣ муқаррар намуд, ки бешак арзиши ин фарҳанг дар тасҳеҳ ва нашри “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ низ шоистаи таъкид аст, чун аксари абёт қабл аз шарҳу тавзеҳи вожагони мавриди назар дар ин фарҳанг нахуст бар пояи муқобала ва муқоиса бо нусхаҳо тасҳеҳ шудаанд.

Соли 2020 дар ҷодаи матншиносии Девони Шайх Камоли Хуҷандӣ ба истиқболи ҷашни 700 солагии ин шоири шаҳир қадамҳои устуворе гузошта шуд. Нахуст, як нашри оммавии Девони Камоли Хуҷандӣ бар асоси нусхаи хаттии нодири маҳфуз дар китобхонаи Остони Қудси Разавӣ аз ҷониби камолшиноси тоҷик профессор Бадриддин Мақсудов тасҳеҳ ва таҳия гардид, ки он аз ҷониби нашриёти “Дониш”-и Академияи милии илмҳои Тоҷикистон рўи чоп омад. Нашри форсии ҳамин нусха бошад бо муқаддимаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар ин кишвар ба дасти чоп расид. Аз сўи кормандони МД Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ номзади илмҳои филологӣ Баҳром Раҳматзод ва муҳаққиқи ҷавон Оқилбой Оқилов нашри илмӣ-интиқодии Девони Камоли Хуҷандӣ бо истифода аз чандин нусхаҳои муътабари маҳфуз дар китобхонаҳои ҷаҳон ва бо пешгуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор ёфт, ки ҳамчун туҳфаи арзандаи ҷашнӣ муаррифӣ гардид.

Ниҳоят, бар асоси тасҳеҳ ва муқобилаи беш аз 60 нусхаи хаттии Девони Камоли Хуҷандӣ, ки дар китобхонаҳои олам маҳфузанд, нашри ҷадиди илмӣ-интиқодии Девони ин суханвари мумтоз бо муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти доктори илмҳои филологӣ, профессор Фахриддин Насриддинов анҷом ёфт, ки дар ду ҷилд рўи чоп омад. Тавре худи донишманди маъруф ишорат мекунад, матни Девон нашри мустанади “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ буда, бар асоси меъёрҳои равишманди тасҳеҳи матн омода гардидааст.

Соли 2015 инчунин нашри мукаммали “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ бо кўшиши муаллифи ин мақола низ дар ду хат – форсӣ ва сирилилк бар асоси нашри чопи сангии соли 1916 ва муқобалаву муқоиса бо нашрҳои дар Тоҷикистон анҷомёфтаи осори шоир рўи чоп омад, ки бар он бо такя бар шеваҳои муқаддами матншиносӣ муқаддима ва тавзеҳоти муфассал афзуда шудааст. Аз сўи дигар аз шогирдони мактаби илмии устод Абдулманнони НасриддинМавлуда Неъматова дар соли 2016 “Девон”-и Шайдои Хуҷандӣ тасҳеҳ ва нашр гардид,ки ин амр аз идомаи фаъолиятҳои босамари шогирдони мактаби устод ва татбиқи шеваҳои собити пешниҳоднамудаи эшон дар тасҳеҳи мутуни адабӣ дар кафедраи адабиёти классикии тоҷик, ки солҳо роҳбарии онро худи устод бар ўҳда доштанд, паём мерасонад. Ба кўшиши адабиётшинос ва мунаққиди номвар Субҳони Аъзамзод соли 2016 Девони Сайфиддини Исфарангӣ бар асоси нашри дар Покистон анҷомдодаи муҳаққиқи ин кишвар Зубайда Сиддиқӣ ва муқобила бо чанд нусхаҳо хаттии Девони ин шоир рўи чоп омад.

Ҷои эътироф аст, ки таъсиси муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар амри татбиқи ин меъёрҳо ва усулҳои муътабари матншиносӣ ва шинохти нусахи хаттӣ нақши муассир гузошт.

Нахуст бояд ба як нукта ишорат намуд, ки дар заминаи таъсиси ин Марказ буд, ки бо пуштибонии молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бештар аз 100 нусха китобҳоидастнавис ва чопи сангӣ аз мардум харидорӣ гардида, дар хона музейи Камоли Хуҷандӣ ба унвони намунаҳои беҳтарин осори хаттии ниёгон ворид гардида, ҳамакнун маҳфуз дошта мешаванд. Феҳристи нусхаҳои хаттӣ ва чопии маҳфуз дар ин Марказ низ таҳияву ба нашр расидааст, ки ҳамакнун бар асоси он донишмандону пажўҳишгарон имкони истифода аз онҳоро соҳибанд.

Сониян бо истифода аз ҳамин шеваҳои муқаддима матншиносӣ дар фосилаи начандон тўлонӣ чандин намунаҳои мутуни илмиву адабӣ тасҳеҳ ва таҳияву нашр гардиданд, ки аз ҷумлаи онҳо “Тазкират уш шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Рисолаи Сипаҳсолор”-и Фаридуни Сипаҳсолор, “Чаҳор мақола”-и Низомии Арўзии Самарқандӣ, ДевонҳоиХаёлии Хуҷандӣ, Шўхии Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, ки роҷеъ ба он ишорат рафт, инчунин мунтахаби девони Камоли Хуҷандӣ бо номи “Варақи ҳусн” ва амсоли ин ба шумор меояд. Ҳар яке аз ин осор бо ҳамон равишҳои қобили истиқбол ва муфид дар матшиносӣ ва бо нигориши тавзеҳи матолиби душвор таҳсеҳ ва таҳия шудаанд, ки ҳамагӣ аз густариши матншиносии амалӣ паём мерасонанд. Дар давоми бештар аз панҷ соли фаъолияти хеш ба нашри бештар аз 60 китоб, аз ҷумлаи девонҳову куллиёти шоирони гузашта, тазкираҳои адабӣ ва осори мансур, таҳқиқоти адабиётшиносӣ муваффақ шуданд. Ҳамчунин, 20 шумораи Фаслномаи илмӣ-адабии “Камоли Хуҷандӣ”, ки шомили бахшҳои Таҳқиқ, Тарҷума ва сарчашмашиносӣ, Бузургони илму адаб, Шарҳи ғазал, ки ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ дар он шарҳ мешаванд ва Мутун мебошад, муттасилона нашр ва дастраси хонандагони худ мегардад.

Дар канори ин фаъолиятҳо устодони дигаре дар ин ҳавза ба рушди матншиносии амалӣ мусоидат мекунанд, ки ин ҷо метавон ба таври махсус ба саҳми чандин нафар аз забоншиносонишорат фармуд. Ҳанўз чанд сол қабл профессор Абдуҷамол Ҳасанов матни асари маъруфи ҷуғрофии асри Х “Ҳудуд ул олам”-ро бар асоси нусхаи таҳиянамудаи Минорский ва муқобала бо чанд нашрҳои дигари эрониву афғонистонии ин китоб тасҳеҳ намуданд, ки аз тариқи силсилаи “Тоҷнома”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2014 интишор ёфт. Арзиш ва аҳамияти кори анҷомдодаи ин донишманди номвар пеш аз ҳама дар он зуҳур мекунад, ки дар баробари ба поён бурдани кори сангини таҳияи матни бузург ва гаронсанги ин асар таълиқоти анҷомдодаи профессор В. Минорскийро бо таълиқоти ду нашри кобулӣ ва эронии китоб мавриди муқоиса ва муқобала қарор дода, дар баробариислоҳи ғалатҳо маҷмўан аз ҳар се нашр як таълиқоти муфассалеро ба вуҷуд овардааст, ки дар кашфи матолиб ва шинохти мафоҳими фаровони ҷуғрофии қуруни вусто саҳми муносибе хоҳад дошт.

Аз дигар олимони забоншинос, ки дар кори матншиносии амалӣ низ саҳми барҷастаеро нишон медиҳанд, дотсент Нуруллоҳхон Ғиёсов мебошад. Фаъолияти Нуруллохон Ғиёсов ба кори тасҳеҳи мутун бешак ба анҷоми масъулиятҳои бузурги илми эшон дар Маркази пажўҳиши тамаддуни давраи Сомониён пайванд мегирад, ки нукоте қаблан дар бора таъкид шуд. Зери раҳнамоии эшон бори аввал фарҳангҳои “Фахри Қаввос”-и Қаввоси Ғазнавӣ (с. 2003, таҳия матн аз М. Хоҷаева ва С. Саидов), “Сурмаи Сулаймонӣ”-и Тақиуддини Авҳадӣ (с.2006, таҳия матн аз Ф. Ғиёсова) ба чоп расиданд. Баъдан дар соли 2013 бо кўшиши бевоситаи худи эшон “Донишномаи Қадархон”-и Ашраф ибни Шараф ал- Музаккир ал – Форуқӣ ба сурати факсималӣ нашр гардид, ки ҳамчун фарҳанг аз сарчашмаҳои мўътабар эътироф гардидааст. Бар асоси татбиқи шеваҳои муқаддами матншиносӣ солҳо дар таҳия, тасҳеҳи нахустин фарҳанги форсӣ – “Луғати фурс”-и Асадии Тусӣ заҳмат кашидааст, ки ҳамин сол бо тавзеҳи муфассал ва пешгуфтор нашр гардид. Илова бар таълиқоти мукаммал дар ин китоб Нуруллоҳхон Ғиёсов дар баробари мавриди муқобала қарор додани нашру нусхаҳои мухталифи асар матолиби онро бо фарҳангҳои дигар низ қиёс намудааст, ки ишороти дар ин замина дар тавзеҳот рафта қобили аҳамият мебошанд. Фузун бар ин ба кушиши бевоситаи мавсуф матни таърихномаи мўътабари қуруни вусто “Тарҷумаи таърихи Яминӣ”-и Ҷурфодиқонӣ ва “Маноқиби Имоми Аъзам” тасҳеҳ ва бо таълиқоту ҳавошӣ нашр шудаанд, ки ҳамагӣ ба пайкорҳои шоистаи ин донишманди тоҷик дар кори равнақпазирии матншиносии амалӣ таъкид меварзанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон давоми 30 соли охир ба вуҷуд овардани робитаҳои китобхонавӣ бо муассисаҳои бузурги китобшиносӣ ва китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳон барои ғановати маънавии ин марказҳои ҳифзи осори хаттӣ ва ташаккули равобити китобӣ мусоидат хоҳад намуд. Яке аз чунин китобхонаҳои бонуфуз маъруфи ба Китобхонаи Ганҷбахш” мебошад,ки заминаои аслии ҳамкориҳо дар сатҳи сарони давлатҳо гузошта шуд. Дар ҷараёни сафари кории Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 11-13 ноябри соли 2015 яке аз санадҳое, ки ба имзо расид, Барномаи ҳамкорӣ миёни байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои тадқиқоти илмӣ ва саноати Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Покистон маҳсуб меёбад, ки дар асоси он ҳамкории судманди илмӣ ҷараён гирифта истодааст. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ истифода аз ганҷинаҳои хаттии китобхонаҳои кишварҳост, ки ҳамакнун ҷиҳати татбиқи муваффақонаи ин санади муҳим бо кўшиши бевоситаи собиқ Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Покистон Шералӣ Ҷононов барои дастрас шудани нусхаҳои электронии хеле аз дастнависҳои нодир иқдомоти шоёне аз сар гирифта шуда, бахше аз он осор ба Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, китобхонаи муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ дастрас шуданд. Аз ҷумла, бо ибтикори бевоситаи намояндаи дипломатии Тоҷикистон нусхаҳои нодири Девони Камоли Хуҷандӣ аз китобхонаҳои мухталифи кишвари Покистон ба Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ба сурати электронӣ дастрас шуданд. Ҳамзамон, чандин нусхаҳои электронии Девони Бедил, ДевонҳоиСайфи Исфарангӣ, Алишери Навоӣ, Куллиёти Ҷомӣ, маҷмўаи осори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, матни таърихномаҳои мўътабари “Акбарнома”, “Ҷаҳонгирнома”маҷмўаи осори ирфонии намояндаи барҷастаи адабиёти тасаввуфи асри ҳафтаҳ Ҳазрати Султон Муҳаммади Боҳу ва монанди ин аз китобхонаҳои мухталифи ин кишвар ба муассисаҳои илмии Тоҷикистон, аз ҷумла китобхонаи электронии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дастрас шуданд, ки имрўза аҳли таҳқиқ аз он нусахи хаттӣ фаровон истифода мекунанд. Бо мусоидати бевоситаи собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон ва ҳамакнун муовини дабири Созмони ҳамкории Шанхай Шералӣ Ҷононов ҳамкориҳои илмии муассисоти илмии кишвар, хоса Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти нусхашиносӣ ва тасҳеҳи мероси хаттии ниёкон бо китобхонаи мўътабари Ганҷбахш ба роҳ монда шуд.Бояд тазаккур дод, ки воқеан китобхонаи Ганҷбахш, ки шоиста аст, барои хонандагони тоҷик бештар муаррифӣ шавад, хазинаи беназири ганҷаҳои осори хаттии ниёкони мо маҳсуб мегардад. Айни замон дар махзани ин китобхона беш аз 30 ҳазор унвон китоби чопӣ, 22 ҳазор номгўи нусхаи хаттӣ, 8788 номгўи нусха китобҳои чопӣ ва камёб мавҷуданд, ки ҳар яке аз қимат ва арзиши шоистае бархурдоранд. Китобхона ба ифтихори нахустин нависандаи форсинавис ва орифи номовар дар Шибҳи Қораи Ҳинд, Абулҳасан ибни Алӣ ибни Ҷуллобии Ҳуҷвирӣ, муаллифи «Кашф-ул-маҳҷуб»-аз аввалин намунаи насри ирфон мусаммо бар Ганҷбахш шуда, зеро ин нависандаи мутасаввифи форсӣ бо исми Дото Ганҷбахш низ маъруф буда. Китобхона дар соли 1350 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1971 милодӣ таъсис ёфтааст. Маҷмўаи нусахи хаттии мавҷуд дар он аз ҷониби феҳристшиноси маъруфи эронӣ устод Аҳмади Мунзавӣ дар чаҳор ҷилд зери унвони «Феҳристи нусхаҳои хаттии Ганҷбахш» феҳристнависии тафсилӣ шудааст. Баъдан ба унвони мулҳақот устод Орифи Навшоҳӣ донишманд ва муҳаққиқи соҳибноми покистонӣ муҷаллади панҷуми ин феҳристро афзудааст. Тавассути истифода аз хазинаи нусхаҳои хаттии ин китобхона дар чанди соли охир аз нусахи мўътабари девони чандин шуарои ношинохтава осори мухталифи адабиву ирфонӣ муаррифӣ ва нашр шудааст. Яке аз онҳонусхаи хаттии ягона шарҳи Девони Бедил аст, ки чунин унвон гирифтааст:«Шарҳи Бедил, форсӣ радифи алиф. Номи муаллиф маълум нашуда.Таърихи рўзи ҷумъа, 27 рабеулаввали соли 1327 таҳрир шуда.»Фузун бар ин, дар хотимаи нусха низ шореҳ таърихи китобати онро тазаккур дода ба гунаи зайл: «Ва навишта гардид тарҷумаи ин мутарҷими ғариб ва заъифу осӣ ва роҷӣ ила маъфиратилманнони фӣ торихи бисту ҳафтум фӣ явмил ҷумуъати маймунатинфи шаҳрирабеъилаввали фӣ санати 1327». Ба назар мерасад, китазаккури саҳфаи аввали шарҳ аз ҳамин қисмати хотимавии нусха баргирифта шудааст. Маълум мегардад, ки ҳарчанд муаллиф ё котиби он дақиқ нест, аммо таърихи таълифи он аз сад сол убур намекунад. Аз сўи дигар, мавҷудияти нусха дар китобхонаи Ганҷбахш таъкид бар он дорад, ки муаллифи он нафаре аз форсидонони Шибҳи Қора бояд бошад ва ин матлаб дар равиши кори шарҳу тафсири вай низ муҷассам мегардад.

Нусхаи шарҳи девони Бедил, ки ҳовии тафсири ғазалҳои бо радифи «алиф» иншогардида мебошад, аз 259 сафҳа иборат аст ва бо шумораи 7818 нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамзамон, тариқи вусъати чунин ҳамкориҳо бо ин китобхонаи бонуфуз аз тариқи мусоидати Сафорати кишварамон дар Покистон як нусхаи мўътабари Девони Мирзо Абдулқодири Бедил низ дастрас гардид,. Аз иттилооти мазкур дар оғози китоб равшан мегардад, ки китобати он ба замони зиндагонии шоир – 1108 ҳиҷрӣ баробар ба 1720 милодӣ мутобиқат доранд. Ин нусха бо шумораи 1498 дар 852 саҳифа нигаҳдорӣ мешаваж. равшан мешавад, ки Дар канори ин нусха тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳо гунаҳои электронии осори дигаре аз мероси хаттии ниёкон дастрас шуд, ки минбаъд дар кори тасҳеҳу таҳия ва нашри онҳо ҳамаҷониба иқдом хоҳад шуд. Ҳамакнун феҳристи нусхаҳои хаттии аксари китобхонаҳои мавҷуд дар ин кишвар бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар сурати электронӣба даст расидааст, ки барои анҷоми корҳои нусхашиносӣ ва иттилоърасонӣ дар заминаи мавҷудияти мероси хаттии ниёкон дар китобхонаҳои ҷаҳон низ муфид буда, ҷиҳати таълими фанҳои махсуси “Матншиносӣ”, “Нусхашиносӣ” ва маҷмўан таърихи адабиёти тоҷик босамар истифода хоҳанд гардид.

Ҳанӯз наздики сӣ сол қабл устоди равоншод Абдулманнони Насриддин дар китоби “Маърифат ва шарҳи адабиёт”-и хеш аз мавҷудияти як нусхаи хаттии шарҳи Девони Бедил дар китобхонаи Қоҳира сухан карда аз дастрас набудан ё дар ихтиёр надоштани маълумоти дақиқ роҷеъ ба он изҳори таассуф доштанд. Маҳз, тавассути раҳнамоивуталошҳои устоди арҷмандам Низомиддин Зоҳидӣ ва мусоидати муовини вазири аввали корҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ, ки чанд сол дар мақоми Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср фаъолият доштанд, имконият фароҳам омад, ки ин нусхаи нодири шарҳи Девони Бедил ба сурати электронӣ дастрас шавад. Воқеан, тасаввур карда наметавонам, ки агар ин рӯйдоди нодири илмӣ дар замони зинда будани устоди равоншод Абдулманнони Насриддин иттифоқ меафтод, чӣ миқдор эҳсоси хушбахтӣ ва хушҳолӣ менамуданд. Маълум гардид, ки шарҳи мазкур ба қалами Сибғатуллоҳи Хаёлӣ тааллуқ дошта, дар Туркия ба қалам омадааст.

Айни замон бо мусоидати намояндагиҳои дипломатии кишвар дар чандин мамлакатҳои дигар низ чунин майлонҳои ҳамкорӣ дар ҷодаи дастрасӣ ба нусхаҳои муътабари осори классикӣ, мероси хаттии ниёгон ба роҳ монда мешавад. Дар ин замина метавон ба чандин ташаббус ва иқдомҳои Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон низ теъдоде аз нусхаҳои хаттии “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ ба муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ дастрас гардида, ҳамзамон бо дархости кафедраи адабиёти классикии тоҷик чанд ададдевонҳои шуарои форсизабони Ҳиндустон дарёфт ва ирсол шуданд, ки дар амри иҷрои ин корномаҳои муҳим хидмати бевоситаи собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ва айни замон Сафири кишвари мо дар кишвари Ҷопон сутуданист. Айни замон барои таҳкими ҳамкориҳо бо китобхонаҳои ин кишвар низ заминаҳо фароҳам омадааст ва аллакай барои истифода аз махзани китобии бархе аз хазинаҳои нусхаҳои хаттӣ тариқи мусоидати бевоситаи сафорати кишварамон номаҳои ҷавобӣ бо пешниҳоди номгўи ва шумораи нусхаҳои хаттии Девони Бедил ва шоирони дигари форсизабон расидаанд ва ин моро барои таҳкими бештари пайвандҳои илмӣ дар заминаи фароҳамоварӣ, таъсис ва ташкили як хазинаи бузурги китобхонаи электронии нусхаҳои хаттӣ дар назди донишгоҳҳо ё муассисаҳои илмии кишвар, хоса Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров итминон хоҳад бахшид.

Дар маҷмўъ, бо нигоҳе иҷмолӣ ба ҷараёни ташаккули матншиносии назарӣ ва амалӣ, тасҳеҳ ва таҳияву нашри мероси хаттӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон метавон бар ин нукта мусаллам шуд, ки воқеан фазои мусоиди сиёсиву иқтисодӣ дар мамлакат ба рушди куллияи равандҳои ҳаёти ҷомеа муассир омад, ки дар ин миён илму маориф, адабиёту фарҳанг низ дар канор намонданд. Хоса, корбурди шеваҳои муқаддами тасҳеҳ ва нашри осори адабиву илмӣ, таърихнома ва монанди ин, татбиқи усулҳои собити таҳқиқоти илмӣ ва нақду баррасии мероси гузаштаву имрўз аз муҳимтарин тадбирҳои пешқадаме маҳсуб мешаванд, ки маҳз истиқлолият ба унвони неъматҳое аз вуҷуди хештан бар ин ҷараёнҳои илмиву маърифатӣ эҳдо намудааст. Албатта, дар як нигоштае мухтасар наметавон куллияи корномаҳои дар ин арса ба анҷомрасидаро шарҳу тафсир намуд, вале он чӣ аз ин баррасиҳо равшан мегардад, моро мутмаин мегардонад, ки масъалаи таҳқиқ, таҳия ва тасҳеҳу нашри мероси хаттии ниёкон маҳз бевосита бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Тоҷикистон ба як самти муҳим ва пешқадами матншиносии ҷаҳонӣ бадал мешавад ва ҳамакнун ин шароити мусоид ба мо имконият фароҳам оварда истодааст, ки дар фикри таҳия мутуни илмӣ – интиқодии осори ниёгон бошем ва дар канори ин бар пояи равнақи ҳамкориҳои судманд миёни муассисаҳои илмӣ ва марокизи нусахи хаттӣ, инчунин китобхонаҳо ҷиҳати фароҳамоварӣ ва таъсиси бонки нусхаҳои электронии мероси хаттии ниёкон иқдом намоем. Дар ин сурат имкон фароҳам меояд, ки кори мантшиносии амалии осори адабӣ ва ҳамзамон таҳқиқу нашри мероси хаттии ниёгон боз ҳам равнақи бештаре касб намояд.

Нуралӣ Нурзод - доктори илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ