​Истиқлол – ганҷи бузурги тоҷикон

Таҳти чунин унвон дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни эҷодии “Расми беҳтарин” гузаронида шуд. Дар озмун донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ иштирок карда, бо рангҳои акварелӣ корҳои эҷодии худро ба иҷро расониданд.

Дар натиҷа, донишҷӯён Нусратова Дария (курси 2-юм) сазвоври мақоми аввал, Абдуқодирова Хайринисо, Воҳидов Абдуғанӣ (курсҳои 2-юм), Усмонова Камила (курси 4-ум) мақоми дуюм, Рӯзибоева Мафтуна, Амонова Малика, Ғаффорова Сарвиноз (курсҳои 1-ум), Набиев Амир (курси 3-юм) ва Бойматова Аниса (курси 5-ум) ҷойҳои сеюмро соҳиб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин тадбирҳои ҷиҳати дарёфти донишҷӯёни лаёқатманду соҳибистеъдод дар оянда низ роҳандзӣ карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ