​Истиқлол – дастоварди пурарзиши миллӣ

Таҳти ин унвон бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ мулоқот анҷом дода шуд. Ба ин ташаббус донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ ҷалб гардиданд.

Дар доираи чорабинии мазкур роҳи тайкардаи халқи тоҷик ҷиҳати расидан ба истиқлол, дастовардҳои замони истиқлол, ҳифзи сулҳ, аҳамияти ваҳдати миллӣ, нақши ҷавонон дар ҳимояи арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Перомуни мавзуъҳои болозикр аз ҷониби як қатор омӯзгорон маърӯзаҳо ироа гардид.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри истиқлол расида, ҷиҳати таъмини рушди Тоҷикистон хидмати шоиста намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ