Истиқбол аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ
Дар факултети тарбияи љисмонї бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабинӣ доир гардид.
Ректори донишгоҳ устодону донишҷӯёнро ба муносибати рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз аҳаммияти ин санаҳои сарнавиштсоз таъкид намуд.
Аз ҷониби сарбозони ќисми њарбии 3501 – и Вазорати корњои дохилаи Љумњурии Тољикистон ва донишҷӯён машқи ҳарбӣ намоиш дода шуд. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус пўшидани ниќоби зиддигазї, ба ќисмњои нопурра људо ва љамъ намудани автомати Калашников, вазнбардорї, бандкашї ва дастхобонї гузаронида шуд.
Қироати шеъру гуфтор дар васфи Ватан ва суруд дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ мазмуни бештар бахшид.
Маркази иттилоот ва таҳлил