Истифодаи технологияҳои муосири дар раванди машғулиятҳо

Дирӯз дар факултети математика семинари илмӣ-методӣ намунавии устодони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ, бахшида ба «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025», «Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040» баргузор гардид. Дар семинари мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсиямуаллима Саидова М., муовини декани факултет оид ба илм ва инноватсия Муродов К., ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд.

Нахуст, Назаров М. дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои муосири педагогӣ дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ» маърӯза намуд. Мавсуф доир ба истифодаи технологияҳои муосири педагогӣдар дарсҳоитехнологияи иттилоотӣ, роҳҳои истифодаи он, истифодаи технологияҳои муосири педагогиро дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шарҳу тавзеҳ дода, истифодаи онро дар раванди таълим амали саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, Назаров М. зимнан татбиқи самараноки усулҳои муосири педагогиро дар лаҳзаҳои дарсии худ аз фанни методикаи таълими технологияҳои иттилоотӣ нишон дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ