​Истифодаи методи интерактивӣ дар дарс

Дар факултети математика дар мавзӯи “Преобразование тригонометрических выражений” дарси кушод доир гардид.

Ин иқдом таҳти роҳбарии сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ Абдуллоева Заррина бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи русии ихтисоси математикаи амалӣ ба роҳ монда шуд.

Дар доираи дарс а усулҳои фаъоли таълим истифода гардида, омӯзгор мавзуъро барои донишҷӯён бо методҳои ҷолибу интерактивӣ шарҳ дод.

Донишҷӯён низ дар навбати худ фаъолона дар дарс иштирок намуда, ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши худ миёни ҳам табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ