​Истифода аз усулҳои фаъоли таълим

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Юлдошева дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бо донишҷӯёни курси якуми ихтисоси дизайни графикӣ дарси кушод ташкил намуд.

Дарс ба мавзӯи “Interior design” (Тарҳезии дохилӣ) бахшида шуд.

Дар ҷараёни дарс омӯзгор аз воситаҳои фаъоли муосири таълим истифода бурд.

Њамаи донишҷӯён ҳангоми пурсиши вазифаи хонагӣ фаъолона иштирок доштанд, омӯзгор кори мустақилонаи донишҷӯёнро ҳам ба таври хаттӣ ва ҳам ба таври шифоҳӣ санҷид.

Сипас, мавзӯи нави дарс бо воситаи муаррифӣ шарҳ дода шуд.

Ҳангоми мустаҳкамкунии мавзӯи дарс донишҷӯён дар бораи услуби тарҳезии дӯстдоштаи худ бо аксҳо гуфта гузаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ