​Истифода аз усулҳои фаъоли таълим дар дарси таҷрибаомӯзон

Донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси технология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд.

Дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо низоми салоҳиятнокӣ шинос шуда, бо Низомнома, қоидаву тартибот, ҳайати кормандон ва рафти таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ огоҳӣ пайдо карданд.

Дар доираи ин иқдом таҷрибаомӯзон бо муаллимони фаннӣ, шахсони масъули муассиса корбарӣ намуда, мустақилона дарс гузаронида истодаанд.

Дар рафти баёни мавзӯи дарс таҷрибаомӯзон аз воситаҳои айёнӣ-намоишӣ васеъ истифода намуда, усулҳои фаъоли таълимро ба кор бурда истодаанд.

Гуфта мешавад, ки таҷрибаомӯзӣ то санаи 22 декабри соли 2022 давом хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ