​Истифода аз шеваҳои муосир ва муфид - кафили фаъолияти судманд

Ҷиҳати таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон имрӯз бо иштироки донишҷӯёни факултети психиология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - меъмори сулҳу ваҳдат" филм мавриди тамошо қарор дода шуд.

Ин ташаббусро масъулини шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ роҳандозӣ намуданд.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ мақсад аз ин иқдомро дар бедор намудани ҳуввияти миллии ҷавонон ва баланд намудани зиракии сиёсии онҳо унвон намуд.

Ба назари ӯ, имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои ҷалб намудани ҷавонон ба сӯйи ташаббусҳои судманд бояд аз усулҳои муосир ва муфид истифода кард.

"Шароити кунунӣ ва раванди баландшавии идеологияҳо тақозо мекунад, ки барои ҳидояти насли ояндасози мамлакат дар роҳи дуруст ва бехатар аз таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ шеваҳои муфиди корбарӣ мавриди истифода қарор гирад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ бо ташкили мулоқоти сайёр ва ба намоиш гузоштани филмҳои тарбиявӣ аз зумраи чунин тадбирҳост, ки бо мақсади роҳнамоии ҷавонон ба сӯйи иқдоми созанда роҳандозӣ дорем. Донишҷӯён аз тамошои филм доир ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат огоҳ шуда, аз аъмоли шоиставу арзандаи Роҳбари олии мамлакат, ҷоннисории эшон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол ва хидмати ммондагорашон маълумоти муфассал пайдо мекунанд, ки барои онҳо ҳамчун роҳнамо ва намунаи ибрату пайравӣ нақши муҳим мебозад",- зикр намуд Хайёмиддин Исмоилов.

Хабар дода шуд, ки донишҷӯён баъд аз тамошои филм табодули афкор намуда, доир ба мӯҳтавои он андешаҳо ироа намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки чунин мулоқот шурӯъ аз оғози ҳафтаи равон идома дошта, дар назар аст, ки ба он донишҷӯёни тамоми факултетҳои донишгоҳ ҷалб шаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ