Истаравшан: тарғибу ташвиқи Донишгоҳ аз тарафи устодон

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи донишгоҳ аз тарафи устодони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳри Истаравшан ҷараён гирифт.

Масъулин дар рафти мулоқот довталабонро бо равандҳои фаъолият ва базаи моддию техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ошно намуданд.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби яке аз ихтисосҳо, ба гирфтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми мегузоранд.

Дар ҷамъбасти мулоқот хатмкунандагон ба устодон суолҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ