​Ислоҳи ғалатҳо дар раванди таълими забони англисӣ

Дар факултети забонҳои шарқ дар мавзуи “Ислоҳи ғалатҳо дар раванди таълими забони англисӣ” мастер-класс доир гардид. Ин чорабинӣ дар доираи ҳафтаи илм роҳандозӣ шуд.

Мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Тӯраева Гулорохон доир ба ғалатҳо нуктаҳои муҳим баён дошта, ислоҳи ғалат, нишон додан ва ё надодани вокуниш ба ғалатҳо, ки дар мақолаҳову таҳқиқоти илмии педагогон ба монанди Кордер, Крашен, Ҳендриксон (ҳанӯз соли 1978), Кэтлин Бейли, Барун, Розана Зублин баррасиву таҳлил гардидаанд, шарҳ дод.

Мастер-класс ба таври интерактивӣ гузаронида шуда, бо тамрини хурд оғоз ёфт, ки дар он иштирокдорон ғалати ҳамдигарро ислоҳ карданд.

Мақсад аз ин тамрин нишон додани вокуниш ба ғалати донишҷӯ маҳсуб меёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ